Дирӯз дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии сӯнистеъмоли маводи нашъадор таҳти раисии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо баргузор гардид, ки дар он як қатор масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа муовинони раиси Шӯро, аъзоёни Шуро намояндагони раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, инчунин даъватшудагон, аъзои котиботи Шӯро ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Ҷаласаро раиси Шӯро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мансурӣ Дилрабо оғоз намуда, доир ба иҷрои дастуру супоришҳон Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бандҳои қарори Шўрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор ва роҳҳои таъмини ичрои «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва «Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои солҳои 2026-2030», суханронӣ намуданд.
Дар ҷаласа ҳисоботи муовини Раиси шаҳри Ваҳдат дар хусуси таъмини иҷрои талаботи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030», шунида шуд.
Ҳамчунин, оид ба таъмини иҷрои талаботи Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 муовини якуми Раиси ноҳияи Шаҳринав ва муовини Раиси ноҳияи Варзоб ахборот манзур намуданд.
Дар натиҷаи муҳокимаи масъалаҳои дар рӯзнома пешбинигардида, ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳо дода шуд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таъмин ва иҷро намудани талаботҳои «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводҳои нашъаовар, назорати қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, таҳияи барномаҳоитаълимӣ ва тавсияҳои методӣ оид ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ, табобат ва офиятбахшии беморони нашъаманд, омӯзиши омилҳое, ки ба каму зиёдшавии шумораи беморони нашъаманд мусоидат мекунанд, аз он ҷумла истеъмолкунандагони моддаҳои психотропӣ, гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи зиддинашъамандӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар коҳиши сатҳи нашъамандӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома ва фаъолияти минбаъдаи Шӯро қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Муҷиддини Сайфиддин,
радиои «Тоҷикистон»