Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад.
Дар ин давр аз тамоми қаламрави кишвар зиёда аз 600 довталаб аз рӯйи ҳашт номинатсия: математика (арифметика, алгебра, геометрия), физика ва астрономия, химия, биология (ботаника, зоология, анатомия), география, технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ инчунин зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ миёни ҳам сабқат мекунанд.
Мувофиқи тақсимоти довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» аз руи наминатсияҳо дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ наминатсияҳои технологияи иттилоотӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ гузаронида мешавад. Шоҳнаврӯз Самизода доктори илмҳои техникӣ аъзои ҳакамони озмун аз рӯи наминатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ зимни суҳбат ба мо гуфт, ки сол аз сол иштирокчиёни наминатсия фаъол гардида, дар ҳама соҳаҳои истеҳсолот ихтирооти худро пешниҳод менамоянд.
Бояд гуфт, ки бо фармони Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол мукофотпулии ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» як баробар зиёд карда шуд, ки ҳавасмандии иштирокчиёнро бештар гардонид.
Муҳаммадсолеҳ Мирзохоҷаев хонандаи синфи 11-и Литсейи рақами 1 шаҳри Кӯлоб иштирокчии озмун аз рӯйи наминатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ мебошад. Ӯ дар озмун таҷҳизотеро ихтироъ ва пешниҳод намудааст, ки аз намнокии ҳаво об истеҳсол мекунад.Бояд гуфт, ки даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» то 25 октябри соли равон идома карда, дар ин муддат иштирокчиён имкон доранд, ки дар вақтҳои холии худ аз маконҳои фарҳангӣ ва илмии шаҳри Душанбе дидан кунанд.
Сарвинози Сайдалӣ,
радиои «Тоҷикистон»