8 шаҳру ноҳияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз анҷоми маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш доданд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат хабар дода, қайд намуд, ки бо ҳамин тартиб иҷрои нақша дар вилояти Суғд 8,3 фоиз, дар вилояти Хатлон 12,5 фоизро ташкил дода, ноҳияи Носири Хусрав аз иҷрои пурраи нақша хабар дод. Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иҷрои нақша 19,6 фоиз ва дар шаҳри Душанбе 47 фоизро ташкил медиҳад.
Тавре медонем, 1 апрел дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва тибқи талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1994-2003 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвату гусели шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ муташаккилона оғоз ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи даъвату гусели шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар ду мавсим баргузор карда мешавад: даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ аз якуми апрел оғоз гардида, то охири моҳи май идома меёбад ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.
One thought on “ВМКБ нақшаи даъватро ба анҷом расонид”