Аз 20 то 30 октябри соли 2025 дар Тоҷикистон амалиёти «Пиёдагард» гузаронида мешавад, ки ба таъмини амнияти шаҳрвандон, риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва коҳиш додани шумораи садамаҳои роҳу нақлиёт нигаронида шудааст. Дар ин бора Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳадафи асосии амалиёт баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки пиёдагардон мебошад. Дар ҷараёни амалиёт кормандони БДА риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро назорат мекунанд, ба гузаришҳо ва минтақаҳои фаъолияти баланди пиёдагардон таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.
БДА шаҳрвандонро даъват кардааст, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ бодиққат бошанд ва масъулият ҳис кунанд , кӯчаҳоро танҳо дар ҷойҳои иҷозатдодашуда убур кунанд ва ҳамаи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намоянд. Иштироки фаъоли аҳли ҷомеа ҳамчун унсури муҳими коҳиш додани садамаҳо дар роҳҳои кишвар арзёбӣ мешавад.
Тавре дар хабари РБДА ВКД ҶТ таъкид шудааст, дар баъзе ҳолатҳо садамаҳои нақлиётӣ маҳз бо айби пиёдагардон рух медиҳанд, ки боиси ташвиши махсус мегардад, аз ин рӯ гузаронидани амалиёт ба пешгирии чунин ҳолатҳо ва ташаккули рафтори бехатар дар роҳҳо равона карда шудааст. Интизор меравад, ки ба шарофати талошҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони Тоҷикистон сатҳи садамаҳо дар давраи амалиёт коҳиш ёфта, риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ бештар ба ҳукми одат медарояд.
Мавриди зикр аст, ки тибқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳаракат дар роҳ», иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ шахсоне мебошанд, ки роҳҳои автомобилгард ё дигар ҷойҳои барои интиқоли бор ва мусофирон тавассути нақлиёти автомобилӣ пешбинишударо истифода мебаранд ва дар раванди ҳаракат ҳамчун ронанда, пиёдагард, мусофир, велосипедрон, чӯпони галаи чорво, аробакаш ва дигар шахсон бевосита иштирок мекунанд.
Мутобиқи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2017 таҳти № 323 тасдиқ шудааст, «пиёдагард шахсест, ки дар ҳаракат дар роҳ берун аз воситаҳои нақлиёт ширкат намуда, дар роҳ ягон кореро иҷро намекунад. Ба пиёдагардон инчунин шахсоне баробар карда мешаванд, ки дар аробачаҳои бемуҳаррики маъюбӣ ҳаракат мекунанд, велосипед, мопед, мотосикл меронанд.
Дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ боби 5-ум пурра ба вазифаҳои пиёдагардон бахшида шудааст.
Яъне, тибқи қонун, пиёдагардон на танҳо ҳуқуқ, балки ӯҳдадориҳо низ доранд. Иҷро накардани ӯҳдадориҳои қонунӣ – ин нақзи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ мебошад, ки дар натиҷаи он вайронкунанда метавонад ба чораҳои молиявӣ, ҳуқуқӣ ё дигар чораҳои дар доираи қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон муқарраршуда мувоҷеҳ гардад.
Фаромӯш набояд кард, ки соли 2023 андозаи ҷаримаҳои пиёдагардон барои вайрон кардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ зиёд карда шуд. Тибқи Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025», ки моҳи декабри соли 2024 тасдиқ шудааст, андозаи «нишондиҳанда барои ҳисоббаробаркунӣ», ки андозаи ҳамаи ҷаримаҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ аз он вобаста аст, аз 72 то 75 сомонӣ зиёд карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо РБДА ВКД ҶТ ба таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳ ва Нақшаи татбиқи он барои солҳои 2026-2035 шуруъ кардаанд. Дар ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба пиёдагардон ҳамчун яке аз иштирокчиёни осебпазири ҳаракат дар роҳ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ҳуҷҷати мазкур вазифаҳоеро ба монанди такмили ташкили ҳаракати пиёдагардон, таъмини бехатарии кӯдакон дар ҷараёни иштироки онҳо дар ҳаракат дар роҳ, такмили ҳамаҷонибаи гузаргоҳҳои пиёдагард (рӯизаминӣ, зеризаминӣ, болоизаминӣ) бо назардошти беҳдошти ташкили ҳаракати пиёдагардон дар бар хоҳад гирифт.