Дар шароити кунунӣ, ки Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2021-ум зери фақр қарор гирифтани беш аз 270 миллион сокини сайёраро пешгӯйӣ мекунад, истифодаи оқилонаи ҳар порча замин ва рӯёндани чанд ҳосил аз як замин метавонад бозори мамлакатро бо маҳсулоти тарутоза таъмин намуда, эҳтиёҷоти аҳолиро бо маводи ғизоӣ қонеъ созад.
Солҳои охир мо дар доираи вусъати корхои ободониву созандагӣ ҷихати рушди сохаи кишоварзӣ дар кишвар бунёди богу токзорхои нав рӯйи кор омаданд. Биноба таъкиди сарвари муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ солҳои соҳибистиқлолӣ майдони боғу токзори кишвар ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шудааст, ки нисбат ба соли 1991–ум 2,2 баробар зиёд мебошад.
Дар ҳамин ҳол, доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров мегӯяд, ки чун тағйирёбии иқлим дар кишвар бармало эҳсос мегардад, замини байни қатори боғҳо агар самаранок истифода шавад, ҳатман дар ғанӣ намудани бозори истеъмолии кишвар бо маҳсулоти кишоварзӣ нақш мегузорад.
Чӣ то бояд, кард то кишоварз аз замини қатори боғот ҳам ҳосили баланди зироат ба даст ораду ҳам дастархони мардумро бо меваҷоти шаҳдбор таъмин намояд? Дар ин самт ҳамкаломи мо Ҳикматулло Назиров-доктори илмҳои кишоварзӣ ба кишоварзон дар сатҳи баланд истифода намудани маданияти коркарди агротехникиро пешниҳод менамояд.
Ҳамсуҳбати дигари мо профессори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Раҳмонқул Раҳматуллоев мегӯяд, ки панҷ омиле мавҷуд ҳаст, ки барои гирифтани ҳосили баланд мусоидат мекунад. Ба ақидаи ин соҳибназари соҳа нури офтоб, боду ҳаво ва обу ғизо барои самаранок истифода бурдани замин нақши бориз дорад.
Дар замини боғоти навбунёд ба нақша гирифтани коштани зироати лубиёгиро доктори илмҳои кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров салоҳи кор медонад. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки зироати лубиёгӣ дар баробари баланд бардоштани ҳосилнокии замини боғот боз дигар вижагиҳо дорад. Баробари нашъунамои зироати лубиёгӣ дар таркиби хок равандҳои мураккаби биохимиявӣ доир мегардад, ки он сифати хокро беҳтар намуда ба баланд гаштани ҳосилнокии замин мусоидат мекунад.
Афзун гардондани истеҳсоли зироатҳои кишоварзӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар баробари дигар омилҳо барои таъмини амнияти озукаворӣ дар кишвар мусоидат мекунад. Агар марди деҳқон аз маданияти баланди истифодабарии замин огоҳ бошаду ҳар як порча заминро самаранок истифода кунад, ҳатман бозори истеъмолӣ ғанию дастархонаш пур аз нозу неъмат мегардад.
Муродулло Раҳимов,
Радиои «Тоҷикистон»