Дастаҳои «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Эсхата»-и Хуҷанд барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон -2025 бо ҳам талош карданд, ки дар натиҷаи тими шаҳри Турсунзода бо ҳисоби калони 5 бар 0 зафар ёфт.
Рақобати финалӣ шоми гузашта дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд доир гардид, ки аз 13 ҳазору 850 нафар мухлис барои тамошо бозӣ рафтанд. Голҳои дастаи ғолибро дар дидор Шервонӣ Мабатшоев (дар дақиқаи 7-ум), Қодиров (дар дақиқаи 21-ум), Шӯҳрат Элмуродов бо иҷрои дубл (дар дақиқаҳои 86, 90+2) ва Бобоҷонов (дар дақиқаи 90+6) ба ҳадаф расониданд.
Беҳтарин бозигари вохӯрӣ даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон, Шервонӣ Мабатшоев футболбози «Регар-ТадАЗ» донист шуд.
Ба ҳамин тартиб дастаи «Регар-ТадАЗ» маротибаи 8-ум ғолиби ҷоми кишвар оид ба футбол гардид.
Қаблан футболбозони ин даста дар солҳои 2000-2001, 2001-2002, 2005, 2006, 2011, 2012 ва 2024 низ тавониста буданд ҷоми Тоҷикистонро болои сар бардорад.
Рустам Зоиров
радиои «Тоҷикистон»