Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» баргузор гардид, ки дар он заноне, ки дар даври шаҳрию ноҳиявӣ соҳиби роҳхат шуда буданд, иштирок намуданд. Дар ин хусус аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳадафи озмун амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо мақсади фаъолгардонии нақши занон дар ҷомеа, таъмини иштироки занон дар идоракунии давлатӣ, тақвият бахшидан ба донишу малака ва касбияти занон-хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию ифтихори миллӣ ва амалигардонии «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030» гузаронида мешавад.
Озмун бо мақсади таъмини бештари иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҷалби онҳо ба раванди идоракунӣ ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030»- то ба 30 фоиз расонидани теъдоди хизматчиёни давлатӣ ва то ба 25 фоиз расонидани теъдоди кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон дар байни занону духтарони соҳаи хизмати давлатӣ гузаронида мешавад.
Ҳоло дар мамлакат 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро занон ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки 7 марти соли равон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Модар ба Агентии хизмати давлатии назди Президент, Кумитаи кор бо занон ва оила, вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо супориш доданд, ки барои боз ҳам бештар ба вазифаҳои роҳбарикунанда омода ва пешбарӣ кардани занону духтарони боистеъдоду соҳибкасб чораҷӯйӣ намоянд.