Мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фиристодаи вежаи раёсати амалкунандаи САҲА

11 сентябри 2025 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин фиристодаи вежаи раёсати амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)/Финляндия хонум Тери Ҳакаларо ба ҳузур пазируфт. 

Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо дар се ченаки фаъолияти созмон, бахусус дар самти муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят мубодилаи афкор намуданд.

Инчунин ҷонибҳо муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Финляндияро мавриди баррасӣ қарор дода, зарурати тавсеаи доираи ҳамкориро таъкид намуданд.