Имрӯз 1 прели соли 2021, панҷшанбе аст.
Обу ҳаво
Имрӯз дар шаҳри Бохтар рӯзона ҳаво Қисман абрнок шуда, то +19° гарм мешавад. Шабона ҳарорати ҳаво то +6° гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳри Хоруғ рӯзона ҳаво бебориш ва то +7° гарм мешавад. Шабона бошад, ҳаво тағйирёбанда ва то -4° хунук мешавад.
Рӯзона дар шаҳри Хуҷанд туман мефарояд ва ҳаво то +14° гарм хоҳад шуд. Шабона борони кӯтоҳмуддат борида, то +5° гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе дар баъзе холатҳо борони суст меборад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то +15° ва шабона то +4° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ ҳушдор медиҳад, ки 1 апрел дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии ҷумҳурӣ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.
Қурби асор
Барои рӯзи 1 апрел 1 доллар ба 11,31 сомонӣ, 1 евро ба 13,29 сомонӣ ва 10 рубл ба 1,50 сомонӣ баробар карда шудааст.
Таҷвими рӯз
1 апрели соли 1906 Конвенсияи байналмилалӣ оид ба ҳифзи парандагон қабул гардид.
Соли 1923 аввалин шумораи рӯзномаи «Огонек» нашр шуд.
Дар ин рӯзи соли 1987 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашриёти «Адиб» таъсис дода шуд.
Имрӯз Рӯзи ханда ва Рӯзи байналмилалии парандагон таҷлил мешавад.
Ҷадвали пахши барномаҳо
Шумо метавонед имрӯз дар Радиои “Тоҷикистон” соати 11:15 барномаи “Бозтоб” ва соати 12:15 барномаи “Аз табори Хуршед”-ро бишнавед.
То имрӯз чанд фисади аҳолӣ бо ваксинаи зидди КОВИД -19 фора гирифта шуд? Барои посух гирифтан ба ин савол Шумо метавонед дар соати 13:15 барномаи “Беҳдошт”-ро бишнавед.
Дар барномаи “Тафсири рӯз”, ки соати 14:40 дар мавҷи 104,7 fm пахш мешавад, масъалаи иқдомҳои Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз хариду фуруши инсон баррасӣ хоҳад шуд.
Соати 15:35 барои шунавандагони Радиои “Тоҷикистон» такрори барномаи «Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳон» пешниҳод мешавад, ки мавзӯи имрӯзаи он “Натиҷаи гуфтугӯҳои Конфронси “Қалби Осиё-раванди Истамбул”” аст.
Дар барномаи “Ҷаҳони футбол” ҳамкорони мо бо мураббӣ аз шаҳри Кӯлоб суҳбат оростаанд.
Барномаҳои шомгоҳии Радиои “Тоҷикистон» соати 19:15 оғоз мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамарӯза дар Радиои Тоҷикистон барномаҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву сиёсӣ пахш шуда, ҳар соат хабару гузоришҳои моро дар мавҷи 104,7 fm шунида метавонед.