Маҷмаи умумии СММ қатъномаи таҳиянамудаи Тоҷикистон оид ба «Ҳамкории СММ ва СҲШ» -ро пазируфт.
Дар санади дар вебсайти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020-2021 нашршуда, ки ба дасти “Ховар” расидааст, аз ҷумла омадааст: «25 марти соли 2021, дар 75-умин нишасти Маҷмаи умумии СММ дар ҷараёни иҷлосияи 58-ум қатъномаи №75/69 оид ба «Ҳамкории СММ ва Созмони ҳамкории Шанхай» якдилона қабул карда шуд.
Лоиҳаи ин санадро Тоҷикистон, ки дар солҳои 2020-2021 раёсати СҲШ-ро ба уҳда дорад, таҳия кардааст. Дар ҷумлаи ҳаммуаллифони қатънома ҳамаи кишварҳои узви СҲШ, инчунин Беларус, Камбоҷа, Кирибати, Коста-Рика ва Озарбойҷон шомил мебошанд.
Дар матни санад Маҷмаи умумии СММ ба фаъолияти СҲШ дар соҳаи таҳкими сулҳ ва амният баҳои баланд медиҳад.
Аз ҷумла, зикр шудааст, ки Созмони ҳамкории Шанхай ба муҳимтарин созмони минтақавӣ табдил ёфтааст, ки бо масъалаҳои амният дар минтақа дар ҳама ҷиҳатҳои он, ба шумули ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои байналмилалӣ машғул аст.
Ба алоқамандии кишварҳои узви СҲШ дар самти кӯшиш барои расидан ба ҳадафҳое, ки дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 муайян шудаанд, таваҷҷуҳи хос дода шудааст.
Дар қатънома тарафдории кишварҳои узви СҲШ барои таъмини ҳалли мусолиматомези баҳсҳои минтақавӣ мутобиқи боби VIII Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид таъкид шудааст.
Ба кӯшишҳои давлатҳои аъзои Созмон, ки ба минтақаи сулҳи пойдор, дӯстӣ, шукуфоӣ ва ризоият мутобиқи Шартномаи дарозмуддати неки ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ аз 10 августи соли 2007 табдил додани фазои СҲШ нигаронида шудаанд, баҳои мусбат дода шудааст.
Маҷмаи умумии СММ ёдовар мешавад, ки дар қатъномаи 71/14 кӯшиши кишварҳои узви СҲШ ҷиҳати мусоидат ба субот ва ҳифзи сулҳу амнияти байналмилалӣ ба инобат гирифта шудааст. Дар ин замина, ҷаласаи ҳаждаҳуми Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тсиндао (9-10 июни соли 2018), инчунин нишасти нуздаҳум дар Бишкек (13-14 июни 2019) ва ҷаласаи бистум таҳти раёсати Федератсияи Россия (10 ноябри соли 2020) дар шакли видеоӣ зикр шудаанд.
Дар санад ба талошҳои кишварҳои узви СҲШ барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо терроризм баҳои баланд дода шудааст. Дар ин робита, аҳамияти Протоколи ҳамкорӣ байни Маркази минтақавии зидди террористии (ММЗТ) СҲШ ва Созмони Милали Муттаҳид (UNODC), ки 22 июли соли 2012 ба имзо расидааст, зикр шудааст.
Инчунин ҳамкории хуб ва созандаи ММЗТ СҲШ ва Раёсати зидди террористии СММ, аз ҷумла бо Маркази зиддитеррористии СММ бо мақсади татбиқи Стратегияи умумиҷаҳонии зиддитеррористии СММ таъкид карда шудааст.
Ҳамкории фаъоли ММЗТ СҲШ ва Директорати иҷроияи Кумитаи зиддитеррористӣ дар доираи Ёддошти тафоҳуми амалкунанда оид ба ҳамкорӣ байни ин ду сохтор, ки 25 марти соли 2019 имзо шудааст, таъкид шудааст.
Бо эътирофи нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар мубориза бо маводи мухаддир ва бо дарназардошти натиҷаҳои сиюмин иҷлосияи махсуси Маҷмаи умумӣ оид ба проблемаи ҷаҳонии маводи мухаддир (Ню-Йорк, 19-21 апрели соли 2016), Маҷмаи умумии СММ аз СҲШ даъват мекунад, ки ҳамкориро дар ин самт идома бидиҳад.
Ғайр аз ин, дар санад имзои Ёддошти тафоҳум байни котиботи СҲШ ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар соли 2011 зикр шудааст.
Инчунин аз ҷониби Котиботи СҲШ имзо шудани ёддоштҳои тафоҳум бо ЭСКАТО ва ЮНЕСКО дастгирӣ карда шудааст. Кӯшишҳои Созмон барои рушди ҳамкорӣ бо дигар ташкилоти минтақавӣ, ба монанди СААД, ИДМ, АСЕАН, СВМДА ва ЭКО, инчунин бо КБСС зикр карда шудаанд.
Изҳори итминон шудааст, ки таҳкими ҳамкории СҲШ ва СММ ва сохторҳои он ба татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Созмони Милали Муттаҳид мусоидат мекунад.
Бо дарназардошти матолиби дар боло зикршуда, Маҷмаи умумӣ ба Котиби генералии СММ пешниҳод мекунад, ки бо истифода аз форумҳои мавҷудаи байниидоравӣ ва форматҳо, аз ҷумла муколамаи солонаи интерактивии сатҳи баланд байни Котиби генералии СММ ва роҳбарони созмонҳои минтақавӣ ва ғайра машваратҳои мунтазам идома дода шаванд.
Ба идораҳои махсусгардонидашуда, ташкилот, барномаҳо ва фондҳои сохтории СММ пешниҳод шудааст, ки бо Созмони ҳамкории Шанхай ба манзури татбиқи муштараки барномаҳое, ки ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои онҳо нигаронида шудаанд, ҳамкорӣ кунанд.
Дар санад аз Котиби генералии СММ дархост шудааст, ки дар иҷлосияи 77-ум ҳисобот дар бораи иҷрои бандҳои қатъномаи «Ҳамкории байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай» пешниҳод карда шавад.
Маҷмаи умумии СММ тасмим гирифт, ки зербанди «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай» -ро дар банди «Ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавӣ ва ташкилоти дигар » -и рӯзномаи муваққатии иҷлосияи 77-ум шомил кунад.
Матни пурраи қатънома бо забони русӣ
Аз 2 декабри соли 2004 СҲШ дар Маҷмаи умумии СММ мақоми нозирро дорад.
5 апрели соли 2010 Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ байни котиботи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай ба имзо расид.
Қатъномаҳои зерини Маҷмаи умумии СММ оид ба ҳамкорӣ байни Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул шуданд: (64/183 аз 18 декабри соли 2009, 65/124 аз 13 декабри соли 2010, 67/15 аз 19 ноябри соли 2012, 69/11 аз 11 ноябри соли 2014, 71/14 аз 21 ноябри соли 2016 ва 73/334 аз 30 августи 2019).