Ситоди ҷумҳуриявӣ ба иштироки то 100 нафар дар тӯйи домодию арусӣ иҷозат дод

Бо дарназардошти дар қаламрави кишвар беҳтар гардидани вазъи санитарию эпидемиологӣ вобаста ба сирояти коронавирус, ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID – 19) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 27 март қарор қабул намуд, ки дар асоси он баргузор намудани тӯйи домодию арусӣ бо иштироки то сад нафар бо риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ иҷозат дода шуд.

Мутобиқи қарори мазкур, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо муваззаф гардиданд, ки сарфи назар аз тобеияти идорӣ ва шакли моликият, инчунин, шахсони воқеӣ барои риоя намудани муқаррароти қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамчунин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати таъмин ва риоя намудани чорабиниҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *