Ҳӯшдор аз эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег бар асари боришот

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, то охири моҳи март  дар Тоҷикистон ҳавои номусоид боқӣ мемонад. Дар водиҳо боронҳои пуршиддат ва дар кӯҳҳои баландиашон то 2000 метр барфи тар меборад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст, шамол  аз самти ғарб бо суръати 15-20 метр дар як сония мевазад. 29 март то 8-10 дараҷа поин рафтани ҳарорати ҳаво дар назар аст.

Бар асари бориши зиёд таҳдиди болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор ва дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ ва Обихингоб боқӣ монда, дар роҳҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, хусусан дар роҳҳои Душанбе-Айнӣ, Душанбе-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим эҳтимоли лағзиши тарма ва резиши сангу рег зиёд аст. Дар водиҳо ва доманакӯҳҳои вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ борони сел дар назар аст.

Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёткор бошанд, мошинҳои худро ба сафар пешакӣ омода кунанд. То ҳадди имкон аз рафтан ба минтақаҳои хатарнок, роҳандозии корҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳезум ва рафтан ба шикор ё моҳидорӣ худдорӣ варзанд.

Ҳамзамон Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шаҳрвандони мамлакат эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар ҳолати рӯ ба рӯ шудан бо ҳолатҳои хатарнок ба телефонҳои боварии 112,  93 880 28 19 ва 223 13 11 занг зананд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *