26 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Кӯшониён бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, истифодаи мақсадноки замин ва самараи дастранҷи сокинони ноҳия дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» шинос шуданд.
Нахуст Пешвои миллат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ дидан карданд.
Зимни шиносоӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои фаъолияти аҳли заҳмат ва дастовардҳои бузурги меҳнатии онҳо баҳои баланд дода, рушди соҳаи кишоварзиро омили муҳими таъминкунандаи амнияти озуқаворӣ ва корхонаҳои саноатӣ бо маҳсулот арзёбӣ карданд.
Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» соли 2005 дар майдони 336 гектар таъсис дода шудааст. Аз ин шумора 331 гектараш обӣ мебошад.
Меҳнаткашон дар масоҳати 0,14 гектар барои парвариши бодиринг ва қаламфури булғорӣ гармхона, дар як гектар парваришгоҳи лимӯ, дар майдони 27,4 гектар ғалладонагӣ, 10,8 гектар картошка, 4 гектар полезӣ, 28 гектар сабзавот ва дар 13,8 гектари дигар зироати хӯроки чорво кишт намуданд.
Ҳамчунин аҳли заҳмат дар майдони 5,59 гектар боғ бунёд кардаанд, ки дар он парвариши ниҳоли зардолу, шафтолу ва олу ба роҳ монда шудааст.
Дар маҷмӯъ, дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» дар мавсими кишт ва ҳосилғундорӣ беш аз 800 нафар ба кор ҷалб карда мешаванд.
Бо мақсади иҷрои дастур ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри оқилона ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам, гирифтани 2-3 ҳосил дар як сол бо назардошти мусоид омадани боду ҳаво дар байни қаторҳои ниҳолон парвариши картошкаи барвақтӣ, карам, гулкарам, помидор, зироати полезӣ, қаламфури булғорӣ ва каду ба роҳ монда шудааст, ки нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати хуб қарор дорад.
Аҳли заҳмати Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» зимни суҳбати самимӣ бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки истифодаи дастуру супориш ва ҳидоятҳои раҳнамунсози Сарвари давлат ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани қитъаҳои замини наздиҳавлигию саҳроӣ ба захираи маҳсулоту фаровонии бозори истеъмолӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии сокинон замина гузоштааст.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки танҳо бо меҳнати ҳалолу заҳматҳои пайваста ва иҷрои саривақтии иқдому ташаббусҳои ҳадафмандонаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мо метавонем ба татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат «Таъмини амнияти озуқаворӣ» бирасем ва бо ин васила дар баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинони ҷумҳурӣ саҳм гузорем.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз растаи намоиши таомҳои миллӣ ва хони идонаи ҳафт сину ҳафт шин, ки бо риояи хоси унсурҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ороста шуда буд, боздид ба амал оварданд.
Мардуми тоҷик халқи ҳунарманду ҳунарофар буда, дар замони соҳибистиқлолӣ ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббусҳои Пешвои миллат ҳунару анъанаҳои неки ниёгон дубора рушд кард.
Ошпазҳои моҳир ва кадбонуҳои ноҳияи Кӯшониён ҳунару истеъдоди баланди худро муаррифӣ намуда, дар баробари дигар таомҳои миллӣ ҳамчунин дар як деги калон як тонна оши палав омода ва пешниҳод намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари кадбонувон ва ошпазҳои ноҳияи Кӯшониён баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки барои ба мерос гузоштани расму оин ва ҳунари баланди ниёгон зарур аст, ки насли ҷавонро бештар ба ҳунару ҳунармандӣ ҷалб намуда, онҳоро дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ тарбия намуд.
Дар идомаи сафари корӣ Сарвари давлат аз намоишгоҳи чорводорон ва парандапарварони ноҳияи Кӯшониён дидан карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин намоишгоҳ 16 намуди паранда ва зотҳои нодиру сифатноки чорво ба маъраз гузошта шудааст.
Дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон бо муҳайё гардидани шароити мусоиди парвариши чорво ва ташкили хоҷагиҳои чорводорию зотпарварӣ ин соҳаи сердаромади хоҷагии халқи мамлакат низ рушд карда, саршумори чорвои калону майда ба маротиб зиёд гардид.
Солҳои охир бо ба роҳ мондани парвариши чорвои хушзот истеҳсоли гӯшту шир дар ноҳия ба маротиб афзоиш ёфта, воридоти маҳсулоти ширӣ низ кам гардид.
Дар ин давра саршумори чорвои калон дар якҷоягӣ бо аҳолӣ ба 69 ҳазору 930 сар, моли майда ба 80575 сар, саршумори паранда ба 104950 сар расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 саршумори чорвои калон 518 сар, моли майда 1566 сар ва парранда 19520 сар зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ чорводорони ноҳия, дар маҷмӯъ, бо аҳолӣ 753,6 тонна гӯшт, 3211 тонна шир, 940 ҳазор дона тухм истеҳсол намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57,4 тонна гӯшт, 105,1 тонна шир ва 50,1 ҳазор дона тухм зиёд мебошад.
Дастгирии пайвастаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалишавии барномаҳои соҳавист, ки дар як муддати кӯтоҳ фаъолияти хоҷагиҳои зотпарварӣ рушд намудааст. Аллакай ҳамагон барои ба роҳ мондани парвариши чорвои майдаю калони хушзот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда, онро дар амал татбиқ мекунанд.
Ҳамчунин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Хоҷагии тухмипарварии «Ҳосилот» ба кишти пунбадона оғоз бахшида, хоҷагидорону деҳқононро вазифадор намуданд, ки пеш аз ҳама, тухмии зироати ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баландро кишт намоянд, зеро риояи қоидаҳои илман асосноки парвариш, заҳмати шабонарӯзӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат заминагузори асосии фаровонҳосилӣ мебошад.