Шоми 25 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии даври 7-уми марҳилаи дуюми интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 байни дастаҳои футболи мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон дар сатҳи баланд баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 бар нафъи футболбозони шинохтаи тоҷик анҷом ёфт.
Дар ин рақобати шадид шогирдони Усмон Тошев сабқатро фаъолона оғоз карда, ҳанӯз дар дақиқаи 3-юм бо голи задаи Манучеҳр Ҷалилов пешсаф шуданд. Дар идомаи бозӣ футболбозони тоҷик имкони афзун намудани ҳисобро доштанд, ҳатто як дафъа дарвозаи ҳарифро ишғол намуданд, вале довар онро раво нашуморид. Ҳамин тавр қисми аввали бозӣ бо бартарии як голи дастаи мунтахаби Тоҷикистон хотима ёфт. Мисли қисми аввали бозӣ дар оғози пайти дуюм дастаи мунтахаби Тоҷикистон бошиддат рақобат карда, бо талоши Алишер Ҷалилов дар дақиқаи 50-ум ҳисоби рақобат 2:0 ба фоидаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон шуд. Голе, ки ғалабаи зарурии дастаи мунтахаби Тоҷикистонро таъмин кард, дар охири бозӣ аз сӯи Шаҳром Самиев ба ҳадаф расонида шуд. Футболбозе, ки 8 дақиқа пеш аз захира вориди майдон шуда, Манучеҳр Ҷалиловро иваз кард.
Ҳамин тавр, бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бо бартарии 3:0 ба суди футболбозони тоҷик хотима ёфт. Баъди ин ғалаба дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Ғ» мавқеи худро беҳтар намуда, як зина боло баромад. Ҳоло бо касби 10 хол дар зинаи дуюми гурӯҳ мавқеъ гирифтааст.
Ин аввалин рӯйдоди варзишист, ки баъд аз пандемия бо иштироки дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Муғулистон бозии расмии футбол бо иштироки шумораи зиёди мухлисон доир шуд.
Ҷоми ҷаҳон-2022
Марҳилаи интихобӣ. Давраи дуюм
Гурӯҳи «F». Даври 7-ум
Тоҷикистон – Муғулистон – 3:0
Голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 3. Алишер Ҷалилов 50, Шаҳром Самиев 87.
Ин бозии ҷолибро шоми25 март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе 9300 нафар тамошо карданд.
Манбаъ: АМИТ “Ховар”