Дар шаҳри Биг Ноидаи Ҳиндустон Намоишгоҳи байналмилалии хӯрокворӣ ва нӯшокиҳо таҳти унвони INDUS FOOD-2021 баргузор гардид. Дар ин бора Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар намоишгоҳи мазкур намояндагони зиёда аз 40 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони 14 корхона ва ширкат, аз ҷумла, ҶДММ «Армугон», ҶСК «Комбинати шири Кӯлоб», Кооперативи истеҳсолии «Имоми Аъзам», ҶДММ «Авангард», ҶДММ «Сайфи Қодир», Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соҳибкорони инфиродӣ: Ҷумъабой Абдулакимов, Дилором Раҳматова ва дигарон иштирок доштанд.
Дар доираи Намоишгоҳи байналмилалии INDUS FOOD-2021 ҳамоиши доираҳои соҳибкорон баргузор шуд, ки дар он ширкатҳои ватанӣ — аъзои Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Дар доираи ин чорабинӣ ҷонибҳо дар баробари паҳн кардани маводҳои иттилоотии худ, ҳамзамон суҳбату вохӯриҳои судманд анҷом доданд, ки мавзӯъҳои зеринро дар бар гирифтанд: фаъол кардани ҳамкориҳои дуҷонибаи ширкатҳои Ҳиндустон ва Тоҷикистон, махсусан дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, воридоти маҳсулоти босифат ва технологияҳои нав, таъсиси корхонаҳои муштарак, содироти маҳсулоти ватанӣ ба ин кишвар ва ғайра.
Ёдовар мешавем, ки INDUS FOOD-2021 яке аз ярмаркаҳои калонтарини байналмилалӣ ба ҳисоб меравад, ки дар масъалаи баланд бардоштани имкониятҳои тиҷоратӣ дар соҳаи саноати хӯрокворӣ саҳми муҳим дорад.