Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бохтар аз замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов боздид намуданд

24 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов шинос шуданд.

Фурқат Қосимов дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар аз шахсони меҳнатдӯст шинохта шуда, таҷрибаи бойи деҳқонӣ дорад. Оилаи ӯ таъкидҳои пайвастаи раҳнамунсози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷиҳати оқилона истифода бурдани ҳар қитъа замини корам сармашқи кори худ қарор дода, дар замини назди хонаааш гармхона ташкил намудааст. Дар майдони 14 сотих 3 гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду се маротиба ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбад.

Истифодаи мақсадноку самараноки замин ва заҳмати шабонарӯзӣ имкон фароҳам меорад, ки ин оила ҳосили фаровони барвақтии сабзавоту полезӣ аз қабили бодирингу помидор ва булғорӣ ба даст оварда, сатҳи зиндагии худро баланд ва дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм гузорад. Дар назди ҳавлӣ бунёд кардани гармхонаҳо манфиатовар буда, шароит фароҳам меоварад, ки талаботи харидорон дар чор фасли сол бо бодирингу помидори истеҳсоли худӣ қонеъ гардонда шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарзи истифодаи оқилонаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, ки самараи хуб медиҳанд баҳои баланд дода, таҷрибаи ӯро дар рӯёнидани ҳосили барвақтии помидору бодиринг ва ғайра дар шароити имрӯза манфиатовар арзёбӣ карданд.

Тибқи иттилоъ дар шаҳри Бохтар дар маҷмуъ аз ҷониби сокинон дар замини наздиҳавлигӣ дар майдони қариб 70 гектар гармхонаҳо таъсис дода шудааст. Баъди ҷамъоварии ҳосили фаровон бозори дохилӣ бо сабзавоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин ва нарху навои он муътадил нигоҳ дошта мешавад.

Зимни сӯҳбати самимӣ бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фурқат Қосимов таъкид дошт, ки ӯ аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба ҳосили сабзавот мерӯёнад ва аз ҳисоби ин замин ҳар сол ба маблағи аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавот дар гармхонаҳо сари дастархон бо аҳли хонаводаи Фурқат Қосимов сӯҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Саҳни ҳавлии ин оилаи меҳнатқаринро гулҳои шукуфони гуногун зебу зиннат бахшидааст, ки ин аз завқи зебоипарастии хонавода дарак медиҳад. Ба андешаи Сарвари давлат дар шароити имрӯза бояд ҳар як оилаи мамлакат ҳар порча замини корам, бахусус замини наздиҳавлигиро ба манфиат истифода бурда, дар навбати аввал талаботи оилаи худро бо маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар маводи хӯрока қонеъ сохта, ба ин васила дар татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегии давлат — таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳм гузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои самараноку оқилона истифода кардани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла 200 номгӯйи асар ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя карданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *