Сафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Хатлон оғоз гардид

24 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ ба ҷараёни омодагиҳо ба истиқболи пуршукӯҳи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, амалишавии барномаҳои давлатӣ, корҳои ободонии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, мулоқоту дидор бо намояндагону фаъолон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, ошноӣ бо вазъи рӯзгори мардум, рафти корҳои саҳроӣ, ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ, ба вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Бохтар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва дигар масъулин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *