Имрӯз ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ташриф овард. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт ҳокими шаҳри Тошкандро муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки шаҳри Душанберо бо пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва дигар умумиятҳо ба ҳам мепайвандад.
Худи ҳамон рӯз дар доираи сафари корӣ мулоқоти ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Душанбе роҳбарияти шаҳри Тошкандро ба пойтахти Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз раванди вусъатёбандаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки ба шарофати иродаи сиёсии сарони ҳар ду кишвари бародар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанба ба сатҳи сифатан нави шарикии стратегӣ бароварда шуда, бемайлон густариш меёбанд.
Дар ҷараёни мулоқот масоили мушаххаси тавсеаи робитаҳои мутақобилан судманди байни пойтахтҳои ҳарду давлат-шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ба роҳ мондани тамосу муколамаи мунтазам ҷиҳати табодули таҷриба дар соҳаи шаҳрдорӣ ва рушди инфрасохтор‚ татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо ва барномаҳои равобити фарҳангию гуманитарӣ зоҳир карда шуд.
Ҳокими шаҳри Тошканд дар доираи сафари худ ҳамчунин аз Корхонаи истеҳсоли обҳои ташнашикани “Сиёма” дидан намуд.
Маврид ба зикр аст, ки Корхонаи мазкур дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, имконият дорад, ки дар як сол ба ҳисоби як басти корӣ 33 миллион литр обро истеҳолу ба харидорон пешниҳод намояд. Иншооти мазкур бо муосиртарин хатҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, сифати ҳамаҷонибаи маҳсулоти омодашударо дастгоҳҳои насбшуда таъмин хоҳанд кард. Зимни шиносоӣ ҳокими шаҳри Тошканд ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур баҳои баланд дода, иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанберо хеле муҳиму саривақтӣ арзёбї намуд.
Ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба дастовардҳои шаҳри Душанбе тайи солҳои соҳибистиқлолӣ мароқ зоҳир намуда, ба рушди босурътаи самту соҳаҳо дар пойтахт, аз ҷумла қомат афрохтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, роҳҳои ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза, боғу гулгаштҳои зебову диданӣ баҳои баланд доданд.
Бо ҳамин сафари кории ҳокими шаҳри Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, ки ба таҳкиму густариши муносибатҳои неки ҳамкориҳои минбаъда заминаи мустаҳкам гузошта, ба ҷашни ҳақиқии дӯстии мардумони ду кишвари бародар табдил ёфт, ба анҷом расид.