аз 22 марти соли 2021 №83
ш. Душанбе
Дар бораи гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
- Аз 22 марти соли 2021 иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ марҳила ба марҳила гузаронида шавад.
- Ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба ҳамоҳангсозии гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нақшаи чорабиниҳо оид ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои марҳилаи муайян таҳия ва тасдиқ намуда, сари вақт онро ба маълумоти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳои масъули тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ расонад;
- бо риояи шароити занҷири хунукитаъминкунанда ваксинаи зидди бемории сироятии COVID-19-ро сари вақт ба муассисаҳои тандурустии дахлдори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дастрас карда, иммунизатсияи гурӯҳҳои осебпазири аҳолиро таъмин намояд.
- Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма, дигар ташкилотҳо тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати фароҳамсозии шароити мусоид барои муташаккилона ва бомуваффақият гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 байни кормандони соҳаҳои худ, ки ба гурӯҳи осебпазир шомиланд, чораҳои мушаххас роҳандозӣ намоянд.
- Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабту намоиши барномаҳоро бахшида ба иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми чорабинии мазкур таъмин намояд.
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тарғиботи муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолӣ иштирок намояд.
- Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
- ба гузаронидани иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ намоянд;
- аз ҳисоби ташкилотҳои зертобеъ воситаҳои нақлиётии иловагиро ҷудо карда, онҳоро бо сӯзишворию равганҳои молиданӣ таъмин намоянд;
- оид ба иҷрои қарори мазкур дар рафти марҳилаҳои баргузории чорабинӣ ҳамарӯза ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз анҷоми ҳар як марҳилаи баргузории иммунизатсия бар зидди бемории сироятии COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 15 рӯз оид ба натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон