Имрӯз Форуми II байналмилалии «Наврӯзи Душанбе — меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид

Имрӯз ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар пойтахти мамлакат Форуми II  байналмилалӣ  таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ҳайатҳои бародаршаҳрҳо, корпусҳои дипломатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, коршиносон ва роҳбарони ширкатҳои сайёҳии мамлакат, васоити ахбори омма, мутахассисону коршиносони дохиливу хориҷӣ  ширкат намуданд.

Пеш аз оғози форум иштирокчиёни он аз намоишгоҳи фарҳанги наврӯзӣ, ки дар он намунаҳои гуногуни осори санъати наққошиву гулдӯзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, унсурҳои фарҳанги наврӯзӣ, хӯрокҳои миллӣ ба маъраз гузошта шуда буданд, дидан карданд.

Форум кори худро дар Кохи «Суруш» таҳти раёсати Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Фарҳод Раҳимӣ оғоз намуд.  Фарҳод Раҳимӣ иштирокдоронро бо Ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош намуда, зикр кард, ки имрӯз ба  кишвари мо, ба зодгоҳи Наврӯз,    Наврӯз омад. Наврӯзе, ки тавассути сиёсати хирадмандона, дурандешона ва фарҳанпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дубора эҳё шуд. Дубора дар кишвари Наврӯз суннатҳо ва арзишҳои наврӯзӣ зинда мешаванд ва мардуми ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари Наврӯз ва Ватани Наврӯз мешиносанд. Байналмилалӣ гардидани Наврӯз шаҳодати он аст, ки ин ҷашн барои тамоми сокинони сайёра ҷашни муқаддас аст.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро  ба иштирокдорони ин чорабинии байналмилалӣ расонид.

«Босо рамзист, ки Форуми II  байналмилалӣ  таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» дар доираи тадбиқи барномаи байнидавлатии ИДМ ва дар рӯзҳои эълон гардидани «Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021» баргузор мегардад. Шаҳри Душанбе аз тарафи созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба яке аз шаҳрҳои сабзи аз ҷиҳати экологӣ тоза эътироф шудааст. Инчунин дар натиҷаи назарпурсиҳо шаҳри Душанбе ба қатори даҳ шаҳри ҷаҳон дар айёми баҳор барои сайёҳон муносиб дар ИДМ шомил гардид. Шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои ому озоди дунё пазируфта шудааст ва дар даврони соҳибистиқлолӣ ду маротиба ба гирифтани Ҷоизаи «Шаҳри Сулҳ»-и Бунёди «Роҳи абрешим» мушараф гардидааст», — гуфт муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода.

Тавре зикр гардид, таърихи ҷашни Наврӯз, ки аз қаъри ҳазорсолаҳо сарчашма мегирад, бо сарнавишти пурпечутоб, вале пурифтихору ибратомӯзи халқи тоҷик робитаи ногусастанӣ дорад. Мардуми фарҳангсолори мо ин ҷашни бостониро аз гузаштагони худ ба мерос гирифта, онро дар суннату анъанаҳо, ҳунарҳои мардумӣ ва адабиёти хаттиву шифоҳӣ бисёр васеъ ва ба таври шоиста инъикос кардаанд. Наврӯз на танҳо оғози кори марди деҳқон, балки шурӯъ гардидани ҳама гуна ташаббусҳои созанда ба хотири боз ҳам ободу пешрафта гардонидани сарзамини аҷдодӣ, тозаву озода намудани манзили зист, сарсабзу гулпӯш кардани хиёбону майдонҳо дар тамоми қаламрави мамлакат, аз ҷумла пойтахти он мебошад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зикр дошт, ки баргузории Форуми мазкур бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳри Душанбе, ташвиқу тарғиби фарҳангу таърихи қадимии халқи тоҷик, инчунин муаррифии имконоти сайёҳии Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардидааст.

Мавсуф афзуд, ки Наврӯз таҷассуми  гиромидошти муқаддасот, суннату анъана ва фарҳангу тамаддуни қадимии миллати тоҷик буда, марҳилаҳои ташаккули таърихии он ба ҳайси сармояи маънавии миллати тоҷик ва оини баргузидаи башарият, ҷашни эҳёи табиату оғози соли нав, шодиву сурури ҳамагонӣ, бузургдошти дӯстию бародарӣ ва ваҳдату якпорчагӣ,   суннату оинҳои мардумӣ, орзую ормонҳои умумихалқӣ ва арзишҳои дунявӣ дар ҳамоҳангӣ бо рисолати шодиофаринии Наврӯз маҳсуб меёбад.

Ҳамчунин дар Форум зикр гардид, ки мақоми байналмилалиро касб кардани Наврӯз имкон фароҳам овард, ки мардуми олам аз фалсафаи эҳёгариву созандагӣ ва башардӯстонаи ин ҷашни бисёр қадима ҳарчи бештар огоҳ гарданд, зеро Наврӯз танҳо марбут ба қаламрави зуҳури он набуда, балки суннату анъанаҳои неки он метавонанд ҳамчун василаи ҳамзистии осоиштаи тамоми инсоният хизмат намоянд.

Дар расми ифтитоҳи форум муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода, Директори иҷроияи Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои башардӯстонаи кишварҳои аъзои ИДМ Анатолий Иксанов, муовини Раиси шаҳри Мазори Шарифи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сайид Зайбуллоҳ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ва  дигарон андешаҳояшонро дар бораи Наврӯз ҳамчун рамзи фарҳангию сайёҳӣ иброз  намуданд.

Дар қисмати минбаъдаи маросими ифтитоҳии форум Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода дар мавзӯи «Наврӯз-меҳвари робитаҳои фарҳангӣ», Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода дар мавзӯи «Муаррифии Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳӣ», муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода дар мавзӯи «Наврӯз ғояи созандагӣ ва рушд», муовини якуми Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Наврӯзи байналмилалӣ-муаррифгари имконотҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Тоҷикистон», доктори илмҳои таъри, сарходими илмии Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ Баҳринисо Қобилова дар мавзӯи «Наврӯз суннати зиндаи бостонии мардуми тоҷик» ва  директори Маркази антропологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадалӣ Музаффарӣ дар мавзӯи Наврӯз ва арзишҳои маърифатии умумибашарии он» бо маърӯзаҳо баромад карданд.

Тавре тазаккур дода шуд, мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд.

Воқеан, сифатҳои некбинонаи ҷашни воқеан мардумӣ асос шуд, ки аксарияти кишварҳо барои ҷаҳонӣ шудани он саъю талош намуданд ва бо кӯшишҳои муштарак Наврӯзро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд.

Имсол ба санаи аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардидани Наврӯз  ёздаҳ сол пур шуд.

Сипас форум кори худро дар дар ду бахш  — «Наврӯз – ғояи созандагии ҳамкориҳои фарҳангӣ ва сайёҳӣ» ва «Сайёҳӣ абзори ҷалби сармоягузорӣ ва имконоти рушди соҳибкорӣ» идома ёфтад, дар доираи он олимону мутахассисон, коршиносони дохиливу байналмилалӣ дар мавзӯъҳои «Моҳияти хоссаи меҳвари рушди сайёҳӣ қарор гирифтани Наврӯз», «Хусуссиятҳои саёҳати Наврӯз ва инъикоси ҳунарҳои мардумӣ дар он», «Ситоиши Наврӯз дар ашъори шуарои тоҷик», «Омилҳои мондагории ҷашни Наврӯз дар замони Сомониён», «Анъанаҳои ҷашни Нварӯз дар фолклори Бадахшон» ва ғайра маърӯзаҳо хоҳанд кард.

Манбаъ: АМИТ “Ховар”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *