Тавре қаблан расонаҳо хабар доданд, бегоҳии 13 марти соли 2021 бар асари боришоти барфи пайдарпай дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тарма фаромада, роҳ муваққатан баста шуд. Бегоҳии дирӯз ширкати IRS иттилоъ дод, ки роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ, ки бар асари бориши барфи тар ва лағзиши тарма баста буд, боз шудааст ва ҳаракати нақлиёт аз самти Хуҷанд ба Душанбе оғоз шуда, дар наздиктарин фурсат гузариш аз ду ҷониб имконпазир мешавад.
Бояд гуфт, ки давоми ин шабу рӯз дар ҷамоти деҳоти Пастхуфи ноҳияи Шуғнон, ҷамоати деҳоти Бартанг ва ҷамоати деҳоти А.Замирови ноҳияи Ишкошим низ бар асари лағзиши тарма роҳҳои мошингарди байналмиллалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ, Рӯшон-водии Бартанг ва роҳи мошингарди байналмиллалии самти Хоруғ-Ишкошим муваққатан баста гардиданд. Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳоло ин роҳҳо аз тарма тоза карда шуда, ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин гардидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хабари дигар иттилоъ дод, ки ба далели тағйири ногаҳонии боду ҳавои рӯзҳои охир ва боришҳо шадид масъулини Кумита дар минтақаҳои хавфнок ва ҷойҳое, ки имкони лағзиши тарма вуҷуд дорад, бахусус дар роҳҳои кӯҳии кишвар Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе – Ванҷ навбатдориҳои шабонарӯзӣ ташкил намуданд. Вале дар қаламрави ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ, нишебиҳои қаторкӯҳҳои Ҳисор ва қисмати ғарбии ВМКБ ҳамоно хатари фазояндаи лағзиши тарма, резиши санг боқӣ мондааст.
Хотирасон мекунем, ки субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд автомашинаи боркаши тамғаи Дулан дар ях лағжидаву канори роҳ чаппа шудааст. Ин мошин аз Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат дошт ва дар ин садамаи нақлиётӣ талафоти ҷонӣ сабт нашуд.