Бо 5 кишвар парвозҳои мунтазам барқарор шуданд

Парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба самти Афғонистону Қазоқистон ҳам барқарор шуданд.

Авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 14 март ширкати ҳавопаймоии Қазоқистон «Air Astana» дар хатсайри Душанбе –Алмаато  парвоз анҷом медиҳад. Ҳамзамон, 17 март ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Somon Air» дар масири Душанбе-Алмаато ба парвозҳои мунтазами ҳавоӣ шурӯъ мекунад.

Қаблан ҳам гуфта шуда буд, ки шурӯъ аз 10 март аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии Афғонистон «KamAir» дар масири Душанбе-Кобул парвози мунтазами ҳавоӣ ба роҳ монда шуд.

Бояд гуфт, ки ин парвозҳо баъд аз як соли қатъ гардидани парвозҳои мунтазами ҳавоӣ дар иртибот ба хуруҷи бемории Covid-19 ва эълон гардидани пандемия барқарор гаштанд.

Ба иттилои Авиатсияи гражданӣ, ки ба “Ховар” гуфтааст, то имрӯз Тоҷикистон бо кишварҳои Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Ӯзбекистон ва Афғонистон парвозҳои мунтазами байналмилалиро барқарор намуда, ширкатҳои ҳавопаймоии «Somon Air» -Тоҷикистон, «Turkish Airlines»,-и Туркия, «Flay Dubai»-и Аморати Муттаҳидаи Араб, «Uzbekistan Airways»-и Ӯзбекистон ва  «Kam Air»-и Афғонистон дар масири Душанбе-Истанбул, Душанбе-Дубай, Душанбе-Тошканд, Душанбе-Кобул парвозҳои мунтазам анҷом медиҳанд. Вале то ҳол маълум карда нашудааст, ки парвозҳои мунтазами байналмилалӣ миёни Тоҷикистон ва Россия кай барқарор мешаванд. Аз Авиатсияи гражданӣ дар посух ба ин саволи расонаҳо гуфтаанд, ки алҳол ин масъала мавриди омӯзиш ва гуфтушуниди ҷонибҳо қарор дошта, санаи барқарории парвозҳои мунтазам байни Тоҷикистон ва Россия ҳанӯз мушаххас нест.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *