Обу ҳаво
12 март ҳарорати ҳаво дар вилояти Хатлон шабона +5…+7° ва рӯзона +19…+21° мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон имрӯз ҳарорати ҳаво шабона -1…+1° ва рӯзона +9…+11° мешавад.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ 12 март ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона +4…+6° ва рӯзона +14…+16° мешавад.
Дар шаҳри Душанбе бошад, имрӯз ҳарорати ҳаво шабона +3…+5° ва рӯзона +16…+18° дар назар аст.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.30 сомонӣ;
1 евро – 13.52 сомонӣ;
10 рубли русӣ — 1,53 сомониро ташкил медиҳад.
Тақвими рӯз
12 марти соли 1812 дар натиҷаи заминларза дар Венесуэла зиёда аз 20 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд;
Ҳамин рӯзи соли 1913 Конберра пойтахти Австралия эълон карда шуд.
Соли 1950 дар раъйпурсии Белгия аксарияти аҳолӣ барои барқарорсозии сохти монархия овоз доданд.
12 марти соли 1999 Чехия, Венгрия ва Полша ба ҳайати Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) шомил шуданд.
Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии киберсензура, дар Замбия Рӯзи ҷавонон ва дар Канада Рӯзи иттиҳод аст.
Ҷадвали пахши барномаҳо
Ҳамарӯза шурӯъ аз соати расо 6 дар Радиои «Тоҷикистон» рӯйи мавҷи 104,7 fm барномаи “Насими субҳ” оғоз мегардад. Имрӯз бошад, то соати 10 барномаҳои “Ғунча” ва “Фурсати баён” пахш шуданд, ки такрори барномаи “Фурсати баён”-ро соати 19:30 шунида метавонед.
Соати 10:15 барномаи «Дунёи сарбоз» пешкаш мегардад ва ин навбат мавзӯи омодагии қисмҳои низомӣ ба даъвати баҳорӣ баррасӣ мешавад.
10:40 дар барномаи «Иқтисод ва молия» шарҳи хабарҳои иқтисодӣ ва оид ба мавзӯи Роҳи Абрешим ва нақши он дар рушди тиҷорат миёни Аврупо ва Осиё маълумот гирифта метавонед.
Дар соати 13:15 бошад, суҳбати ҳамкорони мо аз идораи ҷавонӣ бо ҳунарманд Иззат Шарифӣ дар барномаи “Ёди рӯзгори ширин” пешкаш мегардад.
Агар Шумо хоҳед, ки дар бораи мавзӯъҳои мунташиршуда дар нашрияҳои чопии Тоҷикистону ҷаҳон огоҳӣ пайдо кардан хоҳед, пас ба Шумо тавсия медиҳем, ки дар соати 17:10 рӯйи мавҷи 104,7 fm барномаи “Шарҳи матбуот”-ро гуш кунед.
Дар идома соати 17:30 барномаи “Оҳанги нигоҳ” низ ба мавзӯи “Имрўз ва дурнамои матбуоти тоҷик” бахшида шудааст.
Ҳамунин, Шумо дар мавҷи 10407 fm дигар барномаҳои моро шунида бошед.