Мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой масъалаи таъмини интиқоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии “Кулма – Қаросу”, инчунин пешгирӣ ва назорати эпидемия дар сарҳадро баррасӣ намуданд.
Тавре аз Вазорати нақлиёт хабар додаанд, ба ҳайати Тоҷикистон намояндагони вазоратҳои нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, корҳои дохилӣ, корҳои хориҷӣ, қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт ҳамроҳӣ карда, вазири нақлият ва муовини якуми Раиси ноҳияи Мухтори Синзян Уйғур – Чжан Чунлин ҷаласаро роҳбарӣ карданд.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҷойдошта ва ҳалталабро дар гузаргоҳи марзии “Кулма – Қаросу” баррасӣ ва мавриди муҳокима қарор дода, ба мувофиқа расиданд, ки барои ҳамлу нақли мунтазам ва самарабахш тавассути гузаргоҳи “Кулма – Қаросу” чораҳои заруриро роҳандозӣ хоҳанд кард. Аз ҷумла, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати паст намудани арзиши боркунию борфарорӣ дар гузаргоҳ, бозпас гирифтани контейнерҳои холӣ ва истифодабарии ядак ва нимядак аз ҷониби ҳайати Хитой пазируфта шуд.