11 март аз тарафи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон имсол Радиои “Тоҷикистон” радиои сол ва телевизиони “Варзиш” телевизиони сол эълон гардиданд.
Ҳамчунин, ба Радиои “Тоҷикистон” аз тарафи Вазорати маориф ва илм ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории судманд ва мусоидат дар рушди соҳаи маориф ва барои иштироки фаъолона дар инъикоси рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат Сипоснома тақдим гардид.
Илова бар ин, Ораш Алоӣ -“коршиноси сол”, сардабири рӯзномаи “Садои мардум” Самариддин Асоев -“сардабири сол”, хабарнигори Телевизиони Тоҷикистон Фатҳиддин Замон ” – журналисти сол”, “Бонувони Тоҷикистон” -маҷаллаи сол, “Инсон ва табиат” – нашрияи соҳавии сол, Молия ва ҳисобдорӣ – маҷаллаи соҳавии сол ва “Адабиёт ва санъат” – рӯзномаи сол дониста шуданд.
Дар ин рӯз бар асоси хулосаи комиссия дар бахши радио Ҷоизаи Лоҳутӣ ба Худоёри Валӣ аз радиои «Имрӯз», дар бахши телевизион ба Муҳаммадраҷаби Ҳанафия аз Телевизиони «Тоҷикистон» тақдим гардид. Дар бахши матбуот се нафар — Ноилшо Нуралиев аз ҳафтаномаи «Омӯзгор», Ҳақназар Каримзода аз рӯзномаи «Мароми пойтахт» ва Абдулвоҳид Оев, публитсист, эҳдо гашт.
Бояд гуфт, ки ҳадафи таъсиси Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рушди дурнамои журналистикаи тоҷик ва баланд бардоштани маҳорати публисистӣ ва касбии рӯзноманигорони кишвар мебошад. Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ 44 сол муқаддам, дар Анҷумани панҷуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо қарори Котиботи Правлениям Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аз 20 августи соли 1977 таъсис дода шудааст.