Вакилони Мақлиси намояндагони кишвар Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи барқарорсозии НБО Норак, марҳилаи II) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, баррасӣ намуданд.
Ба иттилои сомонаи МН ин лоиҳа бо мақсади барқарор ва зиёд намудани иқтидори истеҳсолии 6 гидроагрегати Неругоҳи барқии обии Норак ва баланд бардоштани самаранокии онҳо роҳандозӣ шудааст. Дар ҷаласаи Шуро ҳамчунин таъкид карда шуд, ки дар НБО Норак айни замон таҷҳизот куҳнаву фарсуда гашта, ниёз ба таҷдиду азнавсозӣ доранд. “Дар робита ба ин, бо дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ҷалби ширкати мушовирии «Tractebel Engineering S.A.» (Фаронса) давоми солҳои 2015-2016 Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак ва таъмини бехатарии садди он омода карда шудааст”.
Ггуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал 3 адад агрегат ва таҷҳизоти ёрирасони онҳо ва автотрансформаторҳо (6 адад автотрансформаторҳои якфазаи 220/500 кВ) иваз карда шуда, бехатарии садд таъмин мегардад. То имрўз барои ин марҳила 326,9 млн доллар ҷалб гардидааст, ки аз он 169,1 млн доллар қарз, 57,8 млн доллар гранти Бонки Умумиҷаҳонӣ, 60,0 млн доллар қарзи Бонки Осиёгии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ва 40,0 млн доллар қарзи Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.
Тибқи нақша дар марҳилаи дуюми татбиқнамоии лоиҳа таҷдиди 6 агрегати боқимонда ва таъмири асосии қисмҳои обгузари гидротурбинаҳо, иваз намудани трансформаторҳои баландкунандаи шиддат, иваз намудани дастгоҳи тақсимкунандаи 6 кВ дар толори мошинҳо ва механизмҳои борбардор бо тавоноии 360 т. ва дигар таҷҳизоти зарурии ёрирасон дар назар аст. “Он давоми 5 сол (солҳои 2024-2028) бо арзиши 148,6 млн доллар татбиқ хоҳад гардид. Ҳаҷми маблағи ҷалбшуда барои марҳилаи дуюми лоиҳа 36,5 млн ҳуқуқи махсуси қарзгирӣ (бо эквиваленти 50,0 млн. доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад, ки пурра аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд маблағгузорӣ мегардад”,-омадааст дар хабар.