Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд

24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.

Дар намоишгоҳ маҳсули меҳнати кишоварзони шаҳр, аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Ин неъматҳо натиҷаи истифодаи самараноки имкониятҳои табиӣ, обу ҳавои мусоид, заминҳои ҳосилхез ва тухмиҳои хушсифат буда, аз таҷрибаи ғании кишоварзони шаҳр шаҳодат медиҳанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар 9 моҳи соли 2026 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расонидаанд, ки ба 108,1 дарсади дурнамо баробар аст.

Дар ин раванд ба зиёд намудани масоҳати кишти ғалладона, васеъ кардани масоҳати гармхонаҳо, парвариши чорвои хушзот, зиёд намудани саршумори паранда, васеъ намудани масоҳати ҳавзҳои моҳипарварӣ, лӯбиёиҳо, зироатҳои техникӣ, картошка, сабзавот ва полезӣ, ки иқлими шаҳр барои парвариши онҳо мусоид мебошад, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда шудааст.

Намоишгоҳ, ки дар шакли хеле ҷолибу диданӣ пешниҳод гардид, баёнгари фаровонҳосилӣ ва таҷрибаи ғании сокинони заҳматқарини шаҳр дар самти истифодаи замин аст.

Маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳр низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои миллӣ, ки бо завқи хос омода шуда буданд, бозгӯи ҳунари волои мардум, завқи баланди бонувону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пешрафти бахшҳои алоҳидаи соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии деҳқонон изҳори қаноатмандӣ карда, иброз доштанд, ки дар натиҷаи дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар ва фаъолияти ватандӯстонаи заҳматкашони шаҳр имрӯз Ваҳдат ба яке аз минтақаҳои пешрафтаи кишоварзиву саноатӣ табдил ёфта, саҳми корхонаву муассисаҳои он дар рушди иқтисодии кишвар ва фаровонии дастурхони мардум, аз ҷумла, сокинони пойтахт торафт бештар мегардад.