XIV НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «КИТОБИ ДУШАНБЕ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Имрӯз, 24 октябр, XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе», ки дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид, ба кори худ хотима бахшид.

Дар намоишгоҳ беш аз 30 муассисаи нашриявии ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла намояндагони Россия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок намуда, китобҳои тозанашр ва дастовардҳои соҳаи табъу нашрро муаррифӣ карданд.

Дар доираи чорабинӣ конфронси байналмилалӣ дар мавзуи «Фарҳанги тарғиби китобхонӣ дар шароити феълӣ», мизҳои мудаввар ва муаррифии китобҳои нав баргузор шуданд. Инчунин, дар маросими ҷамъбастӣ ба иштирокдорони намоишгоҳ дипломҳо супорида шуданд.

Ҳадафи асосии намоишгоҳ рушди соҳаи табъу нашр, тарғиби фарҳанги китобхонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ буд.