Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятиро нисбат ба гумонбар Зафар Раҷабов барои моҳиятан баррасӣ намудан ба Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудааст.
Гуфта мешавад, ки зимни тафтиш муайян карда шуд, ки Раҷабов З. ба оворагардӣ машғул шуда, дар заминаи қонеъ гардонидани нафси шаҳвонӣ даст ба содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин задааст. Тавре дар сомонаи Прократураи генералӣ омадааст, гумонбар 25 августи соли гузашта дар бозорчаи маҳаллаи 9-уми шаҳри Душанбе бо хурдсол Зулола Сафарова (2009), ки танҳо гаштугузор дошт вохӯрда, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шаҳвонии худ номбурдаро ба истгоҳи шоҳроҳи Душанбе-Вахдат, ба макони хилватгоҳ бурда, нисбаташ ҳаракатҳои бадахлоқона кардааст. Сафарова З. ба ӯ муқобилият нишон додааст. Раҷабов З. бо мақсади бартараф намудани муқобилияти Сафарова тариқи зӯроварӣ ноболиғро таҷовуз карда, як зарба ба рӯйи Сафарова З. мезанад, ки дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба замин меафтад. Тавре манбаъ илова мекунад, баъдан Раҷабов З. аз вазъи оҷизонаи хурдсол Сафарова З. истифода бурда, дубора нафси шаҳвониии худро қонеъ мекунад.
Хурдсол Сафарова З.б. баъди гирифтани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
«Бо ҳукми Суди Олӣ аз 25 феврали соли 2021 судшаванда Раҷабов З.С. бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “в”,“л” ва 138 қисми 3 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш махсус таъйин карда шуд», – мегӯяд манбаъ.