Паёми “Тоҷикистон”: Ҳавопаймои Boeing ба таври изтирорӣ дар Фурудгоҳи Хуҷанд нишаст

Обу ҳаво

Рӯзи 10 март дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 9+14° гарм, рӯзона 15+20° гарм мешавад ва дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 4+9° гарм, рӯзона 8+13° гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ҳавои асосан бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона ҳарорати ҳаво 0+5 гарм, рӯзона 5+10° гарм мешавад. Дар шарқи вилоят шабона 7-12 хунук, ва рӯзона аз -2 хунук то +3° гарм мешавад.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд борон меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5+10° гарм ва рӯзона 10+15° гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бошад ҳарорати ҳаво шабона аз -2 хунук то +3° гарм ва рӯзона 3+8° гарм мешавад.

10 март дар шаҳри Душанбе ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 6+8° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳии Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4+9° гарм мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон барои имрӯз 1 доллари ИМА-ро баробар ба 11 сомону 30 дирам муқарар кардааст. 1 евро ба 13 сомону 43 дирам ва 10 рубл ба 1,51 дирам баробар аст.

Тақвими рӯз

10 марти соли 1910 дар Чин ғуломдорӣ манъ карда шуд;

Ҳамин рӯзи соли 1931 дар Тоҷикистон ноҳияи Рашт таъсис дода шуд;

10 марти соли 2012 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси тантанавии садсолагии матбуоти тоҷик иштирок ва рӯзноманигорон, кормандон ва собиқадорони воситаҳои ахбори оммаро табрик намуданд;

 Ҳамин рӯзи соли 2017 иттилоъ дода шуд, ки Ҳавопаймои «Boeing 737 300» мансуб ба ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик-Эйр» зимни парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Тараз /Қазоқистон/ бинобар сабаби нуқс пайдо шудан дар чархи рости ҳавопаймо ба таври изтирорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишаст. Ва аз 140 нафар мусофирон, ки 7 нафарашон кӯдакон буданд, касе осеб надид.

Инчунин, 10 марти соли 2018 хабар дода шуд, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии бастаи  калонҳаҷми санадҳои дуҷониба, ки аз 27 созишнома иборат буда, аксари соҳаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бар мегиранд, сурат гирифт.

Имрӯз дар Россия Рӯзи бойгонӣ ва дар  Озарбойҷон Рӯзи театри миллӣ аст.

Ҷадвали пахши барномаҳо

Имрӯз соати 09:15 дар мавҷи 104,7 fm тафсилотро оид ба масъалаҳои тарҳи ҳукумати муваққатии интиқолӣ барои сулҳи Афғонистон, ташдиди даргириҳо дар Яман  ва гузориш оид ба воридоти аввалин бастаи ваксинаи коронавирус ба Тоҷикистон дар барномаи таҳлилии «Бозтоб» шунида метавонед.

Соати 10:10 мусоҳиба бо рӯзноманигор Хилватшоҳи Маҳмудро вобаста ба рӯзи матбуот дар барномаи «Меҳвар» шунида метавонед.

Дар соати 10:40 барномаи таҳлилии «Иқтисод ва молия», дар соати 11:45 барномаи «Этикет» ва дар соати 12:15 барномаи мусиқии «Дарёи нур» рӯйи мавҷи 104,7 fm пахш мешаванд.

Идораи ҷавонии Радиои «Тоҷикистон», ҳамчунин дар барномаи «Ҷавонон ва ҷомеа», ки соати 16:10 пахш мешавад, мавзӯъҳои матбуот дар замони соҳибистиқлолӣ, пиёдагардӣ ва аҳамияти он ба саломатиро пайгирӣ менамояд.

Дар дили шаб соати расо 23 шумо метавонед барномаи «Хуршеди шаб»-и идораи мусиқиро, ки дар боби Зан-Модар қисса карда, таронаҳои шабро пешкаш мекунад, шунида метавонед.

Радиои Тоҷикистон дар мавҷи 104,7 fm ҳар соат хабару гузориш ва дар давоми рӯз дигар барномаҳои сиёсӣ, мусиқавӣ ва  иқтисодиву иҷтимоиро пешкаши шунавандагони худ мегардонад. Инчунин, Шумо метавонед моро дар суроғаи radiotoj.tj ва дар фейсбук, инстаграм, твиттер, телеграм ва ютуб бо номи радиои тоҷикистон пайгирӣ намоед.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *