Сокинони ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ ҷашни фархундаи Наврӯзро бо риояи расму ойинҳои наврӯзӣ таҷлил намуданд.
Зимни баромади худ раиси ноҳияи мазкур Тоҳир Азиззода қайд намуд, ки имрӯзҳо тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аз файзи қадами баҳор илҳом гирифта, бо шукргузорию ифтихор аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолӣ таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иди хуҷастаи ниёгон – Наврӯзи Аҷамро истиқбол мегиранд.
“Мардуми диёр ин ҷашни бобоиро бо самимияту ихлоси баланд, меҳру муҳаббати азалӣ ва умеду итминони нек ба фардои дурахшон таҷлил менамоянд. Дар майдони набарди тавононию ҷасорат паҳлавонони ин диёр қуввати тану бозуи хешро месанҷанд ва бонувону модарони деҳа тамоми маҳорату ҳунари пазандагии худро бо омода намудани дастархони идона собит месозанд. Деҳқонони номдори деҳа баробари ҷашнгирии Наврӯз дар замин кишти зироатҳоро гузаронида, саховатмандону ҳимматбаландони деҳ даст ба хайру эҳсон ва иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ мезананд. Хуллас, ин Наврӯз таҷассумгари ҳусну шаҳомати беназири ҷашни Наврӯзи ҷаҳонист”, -илова намуд Раиси ноҳияи Мастчоҳ.
Ба андешаи сокинони ноҳия, таҷлили Наврӯз дар замони мо мазмуну моҳияти тоза пайдо намуда, он ба як ҷашни созандагию худогоҳӣ табдил шудааст. Ба ин мазмун, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои наврӯзии худ зикр кардаанд, ки: «Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати Истиқлолият ҳамчун муҳимтарин ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашни бостонӣ рамзи офариниши ҳаёт ва эҳёи табиат буда, барои мо тоҷикон бисёр муқаддас ва азизу гиромӣ мебошад. Зеро сарнавишт, фарҳанг, ва оинҳои ориёии мо аз даврони қадим то имрӯз бо суннатҳои Наврӯзӣ ва густариши онҳо пайванди қавӣ доранд».
Гуфта мешавад, ки зимни таҷлили Наврӯз дар ҷашнгоҳ паҳлавонон аз тамоми гӯшаву канори мамлакат гуштӣ гирифта, бо қувваю матонати худ таъби мухлисону ҳаводоронашонро болидахотир гардониданд.