Соли 2020 гардиши савдои хориҷии вилояти Хатлон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон 4,5 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ин рақамро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқот бо раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадсодиқ Муътамадиён дар шаҳри Душанбе гуфт.
Зимни мулоқот, ҳамчунин доир ба тавонмандиҳои кишоварзию саноатӣ ва табиии вилояти Хатлон маълумот дода шуда, қайд гардид, ки соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 8,8 миллиард сомонӣ расида, аз ҳисоби соҳибкорони вилояти Хатлон 619 корхонаю коргоҳҳо бунёд гардид.
Дар соли 2020 аз қаламрави вилояти Хатлон 110 ҳазор тонна молу маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат содирот гардида, айни ҳол вилояти Хатлон бо минтақаҳои 34 давлати дуру наздик ҳамкориҳои судманди иқтисодию тиҷоратиро ба роҳ мондааст. Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2020 310 миллион долларро ташкил дод, ки содирот ба 143 миллион доллар ва воридоти молу маҳсулот ба 165 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.
Аз тарафи дигар, раиси вилояти Хуросони Разавии Эрон зимни муаррифии потенсиали вилояти Хуросони Разавӣ, аз ҷумла ишора гашт, ки дар ин вилоят ду минтақаи вижаи иқтисодӣ мавҷуданд, ки базудӣ мақоми минтақаҳои озоди иқтисодиро касб хоҳанд кард. Вилояти Хуросони Разавӣ дар Эрон аз ҷиҳати истеҳсоли гӯшти мурғ дар мақоми чорум ва истеҳсоли тухми он дар мақоми дувум қарор дорад. 75% заъфарони дунё дар Хуросони Разавӣ мерӯяд.
Бино ба иттилои сомонаи МИҲД вилояти Хатлон раисони вилоятҳо доир ба имконияти роҳандозӣ ва вусъатбахшии ҳамкорӣ дар соҳаҳои коркарди пӯсту пашми чорво, истеҳсоли маводи доруворӣ аз гиёҳҳои табиӣ, бунёди корхонаҳои муштараки коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ, омӯзиши таҷрибаи байниҳамдигарии соҳибкорон табодули назар карданд.
Ҷонибҳо алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар соҳаҳои аграрӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ иброз намуданд.