Дар 50 муассисаи таълимии шаҳри Душанбе барномаи электронии «eDonish» фаъол гардонида мешавад.
Барномаи «eDonish» хизматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд. Ин барнома ҳамчунин шомили унсурҳои мухталифи иттилоотӣ, аз ҷумла журнал ва рӯзномаи электронӣ, ҷадвали дарсҳои асосӣ ва иловагӣ, назорати давомоти хонандагон ва мониторинги сатҳи дониши онҳо мебошад.
Бино ба иттилои сардори Раёсати муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, ки ба «Ховар» гуфтааст, бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе» ва ҳамкории Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд (Smart City)» ин барнома дар 5 муассисаи таълимӣ фаъол буда, дар 20 муассисаи дигар муаррифӣ гардидааст.
«eDonish» бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҷорӣ намудани низоми муосири иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, таъмини мунтазами ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо оила ва аҳли ҷомеа ва дар ин замина баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаи маориф ба шаҳрвандон таҳияву амалӣ гардидааст.