Давоми як шабонарӯзи гузашта дар роҳи мошингарди Хоруғ-Ишкошим 16 ҳодисаи лағзиши тарма ва дар қаламрави деҳаи Риҷисти ҷамоати Қурбоншоҳ Гадоеви ноҳияи Роштқалъа резиши санг ба қайд гирифта шуд.
Дар шарҳи ҳодиса Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сангрезиши Роштқалъа як хонаи истиқоматиро қисман вайрон кард. Дар айни замон роҳи Хоруғ-Ишкошим баста аст. Офати табиӣ талафоти ҷонӣ надошт ва барои тоза кардани барфтӯдаҳо хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон техникаи махсус ҷудо кардааст, то паёмадҳои ин офат бартараф карда шавад. Ҳоло корҳои поксозии роҳ ба шиддат идома доранд.
Ба иттилои манбаъ ба сабаби бад шудани вазъи ҳаво Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо аз чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, сафар ба маҳалҳои кӯҳӣ, сайругаштҳо дар минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ кунанд ва хеле эҳтиёткор бошанд. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми тарҳрезии сафарҳои худ аввал дар бораи вазъи роҳҳо иттило пайдо кунанд, ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ фосилаи байни мошинҳоро риоя намоянд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хотиррасон мекунад: хатари лағзиши тарма ва санг боқӣ мондааст.
Пештар аз ин ҳам Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ кард, ки рӯзҳои 21-24 феврал дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ, нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ эҳтимолияти фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои водибуда ва доманакӯҳии вилояти Хатлон ва НТҶ фаромадани сел аз эҳтимол дур нест.