Имрӯз зимни нишасти матбуоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ Абдулло Раҳмонзода гуфт, ки новобаста аз вазъи сироятёбии бемории коарнавирус варзишгарони тоҷик 124 медал ба хазинаи ватан оварданд.
Дар соли сипаришуда 232 нафар варзишгари тоҷик бо дар назардошти вазъияти пандемияи каронавирус дар мусобиқаҳои сатҳи байналмиллалӣ иштирок намуда 124 медал ба хазинаи варзишии мамлакат ворид намуданд, ки аз ин 53% варзишгарон бо дастовардҳои назаррас ба ватан баргаштанд гуфт зимни нишасти матбуоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати ҶТ Раҳмонзода Абдулло:
Инчуннин дар рафти нишасти хабарии ин ниход кайд гардид, ки бо мақсади ҷалби наврасану ҷавонон ба варзиш дар ҷумҳурӣ 127 мактабҳои варзишӣ амал намуда, имрузхо варзишгарон аз рӯи 68 намуди варзиш машқу тамрин менамоянд, ки натиҷаи онро Абдулло Раҳмонзода дар унвонҳои фахрӣ ва варзишии варзишгарон ва мураббиён чунин арзёби намуда гуфт ки дар давраи хисоботи 4 маротиба Комиссияи унвонҳои фахрӣ баргузор шуд, ки дар асоси суратҷаласа Комиссия оид ба сарфароз гардонидан ба унвонҳои фахрии варзишӣ дар Чумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши раиси Кумитаи мазкур 107 нафар бо унвонҳои фахрии «Мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 37 нафар, «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмони ва варзиш» 70 нафар сарфароз гардиданд. Ҳамзамон дар рафти нишаст аз чониби масъулин зикр гардид, ки дар мамлакат мувофиқи маълумотҳои оморӣ 10220 иншооти варзишӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 122 варзишгоҳ, 7326 майдончаи варзишӣ, 1829 толори варзишӣ, 96 ҳавзҳои шиноварӣ, 40 маҷмааҳо ва 107 иншооти махсусӣ аз қабили тир, боулинг, фитнес, ва кулубҳои ихтиёрӣ фаъолият менамояд. Бо зикри кормандони соха шумораи иншооти варзишӣ дар 30 соли соҳибистиқлолӣ низ беш аз 10 маротиба зиёд гардидааст, ки ин барои ҷалби наврасону ҷавонон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим мусоидат хоҳад кард.