Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷумҳурӣ аз 15 феврали соли ҷорӣ ба кӯдакони синни 3 то 5 сола иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориии фалаҷ оғоз гардидааст, ки то 20 феврали соли равон идома меёбад. Гуфта мешавад, ки дар 2110 нуктаи имнизатсиони эмгузарони шуруъ шудааст.
Бо мақсади таъмин намудани амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, нигоҳ доштани мавқеъи давлати озод аз бемории фалаҷ , пешгири намудани вируси фалаҷ ва паҳн шавии он дар ҷумҳурӣ дар асоси қарори ҲЧТ ва фармоиши вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 15 феврали соли ҷорӣ дар саросари ҷумҳурӣ гузаронидани имунизатся оғоз гардид, ки ҳадаф ва мақсади онро муовини директории генералии муассисаи давлатии маркази Ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Тӯрашо Саймиддинов баланд нигоҳ доштани масунияти кӯдакон арзёби кард:Номбурда имунизатсяи кӯдаконро яке аз муҳимтарин самти фаъолияти кормандони тиб дар пешгирии бемориҳои сироятӣ арзёби намуда гуфт, ки танҳо бо шарофати имунизатся инсоният метавонад аз бемории хатарнок Гули калон, раҳо ёфта ин бемориро дар дунё маҳв намояд. Бемории фалаҷ ҳангоми дастони ношуста истеъмол намудани хӯрок вирус дохили бадан гардида дар рӯдаҳо афзоиш меёбанд, баъдан ба системаи асаб таъсир намуда, дар муддати кӯтоҳ сабаби пайдошавии фалҷ мегардад.
Бемории фалаҷ бемории шадиди сирояти буда, ба ӯ осебхурии майнаи сар хос мебошад. Ба он бештар кӯдакон бо нишонаҳои баландшавии ҳарорати бадан, дарди сар, сустии умумии бадан, кашишхурии мушакҳои бадан, дилбеҳузурӣ, қайдкунӣ, дарунравӣ, дардмандӣ дар қисми дасту пойҳо, ҳамзамон фалаҷи дастҳо, пойҳо, миён ва мушаккҳои рӯй гирифтор мешаванд. Ҳамзамон Муовини директори генералии муассисаи давлатии маркази Ҷумҳуриявии иммунопрофилактика Тӯрашо Саймиддинов мегӯяд, ки барои пешгири аз ин бемори дар кишвар зиёда аз 2,110 нуктаи имунизатсиони фаъол буда шаҳрвандон метавонанд барои имунизатсияи фарзандонашон, дар наздиктарин нуқтаҳои тиббӣ муроҷиат намоянд:
Саломатии фарзанд пояи зиндагии устувори ҳар як инсон мебошад. Аз ин рӯ падарону модаронро зарур аст, ки ба саломатти фарзандон бетараф набошанд. Барои пешгири аз бемории фалаҷ аз сокинон даъват ба амал оварда мешавад , ки кудакони худро то 20 феврали соли ҷорӣ ба иммунизатсияи иловагӣ баранд.