Нашри эҷодиёти рӯзноманигори тоҷик дар Чин

Дар Ҷумҳурии мардумии Чин китоби “Осори мунтахаби шоирони барҷастаи муосири дунё” ба табъ расид.

Бино ба маълумоти Вазорати фарҳанг дар ин маҷмаа дар қатори намояндагон манотиқи гуногуни дунё тарҷумаи ҳол ва 9 шеъри хомаи ҳамраиси Шӯрои адабии Ассамблеяи халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози Итииҳоди байналхалқии шоирон барои сулҳ ва озодӣ шоир, рӯзноманигор ва ходими ҷамъиятӣ Абдуқаҳҳори Қосим аз ҷониби профессори Донишгоҳи Осиё, сармуҳаррири маҷаллаи адабии “Reading, Writing and Learning”, сафири ИМА оид ба фарҳанги Чини Бузург “Inner Child International”, муҳаррири адабии маҷаллаи байналмилалии “Муколамаи муосир” дар Македония, Тсай Земин ба забони чинӣ тарҷума шуда, пешниҳоди хонандагон гардидааст.

Гуфта мешавад, ки маҳсули эҷодии Абдуқаҳҳори Қосим то имрӯз ба забонҳои англисӣ, испанӣ, чинӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, сербӣ, ҳиндӣ, португалӣ, банголӣ, полякӣ, туркӣ, озарбойҷонӣ, форсӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ғайра тарҷума шуда, дар антологияи (тазкираи) Нависандагони муосири Авруосиё 2019-2020, дар антологияи “Поэтикӣ” Садои шоирони ҷаҳон 2020 “Мексика”, антологияи шоирон аз 103 давлати дунё – “Хотираҳо аз ҷашнвораи 30-юми байналмилалии шеъри “Меделлин” – Колумбия (Memorias del 30º Festival Internacional de Poesía de Medellín”, антологияи “Гогёшии ҷаҳон”, “World of Gogyoshi” – Ҷопон,” Антологияи шоирони ҷаҳон – Непал ва маҷаллаҳои Иёлоти муттаҳидаи Амрико, Чин, Русия, Украина, Туркия, Озарбойҷон, Бангладеш, Лаҳистон, Руминия, Ҳиндустон ва ғайра инъикос гардидааст. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *