Якумин ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Гурҷистон дар шакли маҷозӣ баргузор гардиданд.
Дар ройзаниҳои сиёсӣ роҳбарони ҳайатҳо – муовинони вазирҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ муҳокима карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Бино ба иттилои сомонаи ВКХ дар фарҷоми ройзаниҳои сиёсӣ вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Гурҷистон Давид Залкалиани бо тартиби корӣ Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишварро барои солҳои 2021-2022 ба имзо расониданд.