Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ 3 млрд 550,5 млн сомонӣ зиёд гардидааст

Тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ ба 30 млрд 820,8 млн сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он нисбат ба соли 2019 109,7% ё 3 млрд 550,5 млн сомонӣ зиёд ташкил медиҳад»-, иброз дошт Вазири саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабиров зимни нишасти матбуотӣ.

Номбурда афзуд, ки дар ин давра барои таъсиси истеҳсолоти нав, воридоти таҷҳизоти нави технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои саноат 6 млрд 411,0 млн сомонӣ маблағҳои дохилии корхонаҳо ва сармоягузорони хориҷӣ равона гардиданд. Дар ин замина барои истихроҷи канданиҳои фоиданок ва коркарди он ба маблағи 1 млрд 180 млн сомонӣ, дар соҳаи истехсол ва тақсимоти нерӯи барқ, газ ва об ба маблағи 5 млрд 231,1 млн сомонӣ техника ва таҷҳизоти нави технологӣ ворид гардид.

Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ аз ҷумҳурӣ ба маблағи 14 млрд 490,8 млн сомонӣ маҳсулот содирот гардидааст, ки аз ин ҳисоб 12 млрд 519,1 млн сомонӣ ба соҳаи саноат рост меояд.

Тахмина Амониён

Манбаъ: VOT.TJ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *