Рушди илмҳои астрофизикаи ватанӣ имкон медиҳад, ки пас аз ду дақиқаи заминҷунбӣ олимон макон ва сатҳи онро муайян намоянд ва доир ба ин рӯйдод назари таҳқиқӣ пешниҳод созанд. Дар ин росто расадхонаи Санглох, ки яке аз ҷойҳои намоёнро дар ҷаҳон ишғол менамояд, бо тамоми таҷҳизоти муосири астрономӣ муҷаҳҳаз гардид. Ин нуқтаро дирӯз Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ зимни нишасти хабарӣ ба рӯзноманигорон арзёбӣ намуд.
Мавсуф афзуд, ки дастоварди дигари АМИТ дар давраи ҳисоботӣ, ихтироъ намудани дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ барои мубориза бар зидди бемории сироятии COVID-19 аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. «Дастгоҳ дар асоси тарҳи электронии таҳиянамудаи олимони соҳаи физика сохта шуда, дар беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ аз озмоиш гузаштааст. Ба роҳ мондани истеҳсоли саноатии дастгоҳи худсози нафасдиҳии сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастгоҳи тиббии воридотивазкунанда имконпазир мебошад»-, гуфт Фарҳод Раҳимӣ дар идома.
Ҳамзамон зикр гардид, ки айни замон аз ҷониби АМИТ истеҳсоли оби нуқра ба сифати маводи зиддивирусӣ барои истифода бурдан дар ниқобҳои муҳофизатӣ пешниҳод мегардад.