Дар соли 2020 идораҳои агентии беҳдошт ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 61050 истифодабарандагони об дар майдони 547 х 438 гектар заминҳои корами обӣ, шартномаи доду гирифти обро ба имзо расонида, ба онҳо дар ҳаҷми 4 млрду 109,9 млн метри мукааб бо арзиши 78,18 млн сомонӣ хизмати обрасонӣ намуданд, – зикр намуд директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Хукумати ҶТ Холмурод Раҳмон.
Бино ба гуфтаи номбурда, бинобар аз ҷониби обистифодабарандагон ва хусусан хоҷагиҳои деҳқонӣ пурра пардохт накардани маблағи ҳаққи хизмати обрасонӣ дар соли 2020 бақияи қарз аз ин ҳисоб 9,3 млн сомонӣ ва бо дар назардошти солҳои пешин 144,6 млн.сомониро ташкил намуд. Қарзи идораҳои зертобеи Агентӣ аз қувваи барқи истифодашуда дар назди ШСХК «Барқи Тоҷик» 287,2 млн сомониро ташкил медиҳад, ки 77,2 млн.сомонии он қарзи соли 2020 мебошад.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки 4 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 90, 146 млн доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд, ки ин имкон медиҳад, то таъминоти хоҷагиҳо бо оби полезӣ ба қадре ҳалли худро ёбад.
Ш.Аҳмад
радиои “Тоҷикистон“