Тоҷикистон аз кӯмакҳои UNFAO хушнуд аст

Дар соли 2020 саҳми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид (UNFAO) дар Тоҷикистон 2,83 млн доллари амрикоиро ташкил намуда, аз он 2,16 млн доллари амрикоӣ татбиқ гардидааст.

Ин нукта зимни мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони UNFAO дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев таъкид гашт. Тавре Вазорати молия хабар дод, дар ҷараёни вохӯрӣ вазири молия ба лоиҳаҳои амалигардида бо UNFAO дар Тоҷикистон инчунин, вобаста ба дастгириҳои UNFAO ва дигар ташкилоти байналмилалии молиявӣ ҷиҳати пешгирии таъсири паёмадҳои манфии пандемияи COVID-19 миннатдорӣ баён намуда, доир ба масъалаи таҳияи Нақшаи миллии сармоягузорӣ барои соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ибрози назар намуданд.

Бояд гуфт, ки Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Миллали Муттаҳид фаъолияти худро дар Тоҷикистон аз соли 1995 дар асоси Барномаи кишоварзӣ барои солҳои 2016 – 2017, дар мувофиқа бо шарикони рушд ба роҳ мондааст.

Барномаи мазкур аз рӯи самтҳои амнияти устувори озуқаворӣ ва ғизо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва афзоиши устуворӣ ба тағирёбии иқлим, ҳосилнокии устувор ва рақобатпазири кишоварзӣ бо таваҷҷӯҳ ба чорводорӣ, тибби байторӣ ва интенсификатсияи зироаткорӣ фаъолияти худро татбиқ мегардонад. Ғайр аз он, ки Барномаи кишварӣ ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии UNFAO нигаронида шудааст, инчунин ба стратегияҳои миллии Тоҷикистон аз қабили Стратегия барои сатҳи некӯаҳволии аҳолии Тоҷикистон барои соли 2013 – 2015, Стратегия ва Барномаи Миллии Рушд амнияти озуқаворӣ ва Барномаи Чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид барои Рушд (UNDAF) барои Тоҷикистон 2016-2020 алоқамандии зич дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *