5 феврал дар деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қитъаи 40-уми Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дар бунёди боғи интенсивӣ ва кишти картошкаи барвақтӣ иштирок намуданд.
Тавре ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев дорои 2700 гектар замини обӣ, 900 гектар майдони боғ ва 31 ҳазор гектар заминҳои лалмию чарогоҳ мебошад. Аз масоҳати 900 гектар майдони боғот 710 гектарашро боғҳои ҳосилдиҳанда ташкил медиҳанд.
Бо дарназардошти он, ки майдони боғҳои кӯҳнашуда аз ҷиҳати иқтисодӣ самараи дилхоҳ ба бор намеоваранд, масъулин тасмим гирифтанд дар масоҳати 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд намоянд. Тибқи нақша, дар боғи бунёдшаванда ниҳоли дарахтони гелос дар масоҳати чор гектар, бодом дар як гектар ва зардолу дар масоҳати ду гектар, ки ба иқлими маҳал мутобиқ буда, ҳосили хуб медиҳанд, шинонида шудааст.
Дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, дар ин мавзеъ бо реҷаи 4 бар 2,5 боғи нав бунёд карда шудааст, ки дар ҳар гектари он ҳазор бех ниҳол истифода мегардад. Бо мақсади афзун намудани ҳаҷми истеҳсолот ва баланд бардоштани сифати маҳсулот танҳо дар боғоти гелос 1200 адад сутунпоя гузошта шудааст, ки дар оянда барои кори техникаҳои кишоварзӣ низ бисёр муфид мебошад.
Соли 2020 аз майдони боғоти Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2120 тонна меваҳои донакдор истеҳсол карда шудааст.
Соли сипаришуда дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 143 гектар боғ ва 7 гектар токзори нав бунёд гардидааст. Маҷмуан дар асоси “Барномаи давлатии рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар давоми солҳои 2016-2020” дар ин ноҳия 2663 гектар боғу токзори нав бунёду барқарор гардидаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин таъкид карданд, ки бунёди боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ серҳосилу фоидаовар мебошад, аз ин рӯ дастур дода шуд, ки майдони боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ дар вилояти Суғд зиёд карда шавад.
Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромади соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.
Дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади самараноку оқилона истифода намудани ҳар ваҷаб замин дар байни қаторҳои боғи нави интенсивии Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев кишти картошкаи барвақтӣ ба роҳ монда шудааст. Аснои боздид ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маълумот дода шуд, ки навъҳои тухмии картошкаи киштшуда “Алладин” ва “Пикасо” буда, ҳосили онҳо аввалҳои моҳи май пухта мерасад.
Соли 2020 дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев 2890 тонна маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла 1196 тонна картошка истеҳсол карда шудааст. Мавриди зикри хос аст, ки соли 2020 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд дар майдони 23 ҳазору 99 гектар кишти картошка ба роҳ монда шуда, беш аз 512 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ гардид. Соли 2021 бошад, кишти картошка дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 30 хазор гектар дар назар дошта шудааст, ки нисбат ба соли сипаришуда 6 ҳазору 100 гектар зиёд мебошад. Албатта ҳамаи ин тадбирҳо ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ заминаи вокеӣ мегузорад.
Дар растаи намоиши тухмиҳои соҳаи кишоварзӣ 42 намуди тухмиҳои ба маҳал мутобиқ ва серҳосил аз қабили гандум, ҷав, картошка, сабзӣ, шолӣ, лубиёгиҳо ва пунбадона ба намоиш гузошта шуд. Бояд гуфт, ки ин намуди тухмиҳо. пеш аз ҳама. маҳаллӣ буда, самараи хуб ба бор меоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои боздид ба деҳконону кишоварзон дастур доданд, ки бояд пеш аз ҳама тухмии зироати ба маҳал мутобиқ ва дорои сифати баланд кишт карда намоянд, зеро риояи қоидаҳои агротехникӣ ва кишти тухмиҳои баландсифат омили асосии фаровонҳосилӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз растаи намоиши таомҳои миллии сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид ба амал оварданд. Бонувони ҳунарманди ноҳия анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ, аз қабили нон, самбӯса, ҳалвоҳои сурх, сафед, маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, шириниҳои аз мева омодакардашуда ва ҳунарҳои кадимаи аҷдодиро ба маъраз гузоштанд.
Мардуми тоҷик халқи ҳунарманду ҳунарофар мебошанд, ки маҳсули дастони онҳо мақбули сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар гардидааст. Эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар эҳёи анъанаҳои неки ниёгон такони ҷиддӣ бахшид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари кадбонуҳои деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд дода, омӯзонидан ва аз худ намудани ҳунарҳои мардумиро барои наслҳои оянда муҳим арзёбӣ карданд.