Аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин мавзуҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳагиву иҷтимоии Тоҷикистон ва ҷаҳон, аз ҷумла сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд, таваҷҷуҳ кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 4 феврал гузориши муфассале аз идомаи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд нашр кардааст. Ба навиштаи рӯнома рӯзи 3 феврал, дар рӯзи дуюми сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Султонободи деҳоти Зарзамини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди боғи интенсивӣ асос гузоштанд.
Дар мавзеи Султонобод дар майдони 7 гектар боғи интенсивӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, дар ин маҳал дар майдони 300 гектар боғҳои интенсивӣ бунёд мегарданд. Муаллиф менависад, ки ба гуфтаи мутахассисон боғҳои интенсивӣ назар ба боғҳои анъанавӣ аз лиҳози иқтисодӣ бештар манфиатовар буда, дар кишвар, аллакай, солҳост, ки таҷриба шудааст ва дар зарфи се – чор сол ба ҳосил медароянд. Бояд гуфт, ки меваҳои боғоти нав, асосан, ба содирот нигаронда шудаанд.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 4 феврал аз қавли Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои об навиштааст, ки дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар аввалин бор дар Тоҷикистон чоҳи нафт бо умқи 4900 метр дар майдони «Маҳрам» ба истифода дода мешавад. Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, соли 2020 дар Тоҷикистон 24,4 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 1169 тонна зиёд мебошад.
Ин манба афзудааст, дар баробари ин соли гузашта барои таъмини аҳолӣ бо гармӣ дар мавсими зимистон ва ниёзи корхонаҳои саноатӣ ба кишвар 225 миллион метри мукааб гази моеъ ворид карда шудааст.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 2 феврал навиштааст, ки рӯзи 29 январи соли 2021 Президенти кишвар ба дар баробари дигар қонунҳо ба қонуни Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», имзо гузоштанд.
Тибқи қонуни нав, хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ шудааст, ки мувофиқи он шаҳрвандони синни даъватӣ ба таври ихтиёрӣ бо гузаштани ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ ва пардохти маблағи муайян, аз хизмати ҳарбӣ озод карда мешаванд.
Дар баробари ин аз ин ба баъд кор дар мақомоти судӣ, прокуратура, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Хадамоти иҷро танҳо пас аз адои хизмати ҳарбӣ пешбинӣ шудааст.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 4 феврал дар мақолаи таҳлилие мавзуи роҳҳои коҳиши талафоти барқ дар Тоҷикистонро баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин замина ба таҷрибаи муваффақи ширкати “Помир Энерҷӣ” ишора карда, таъкид кардааст, ки яке аз роҳҳои муасири кам кардани талафоти барқ, роҳандозии низоми билингии фурӯши барқ дониста мешавад.
Ба навиштаи муаллиф истифодаи низоми билингӣ дар вилояти Суғд талафоти барқро ба маротиб коҳиш дода, ҳамчунин шумораи нозирони барқ низ кам карда шуд.
“Тоҷикистон”
Ҷамолиддин Абдуллозода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мусоҳиба бо ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфтааст, ки то моҳи марти соли ҷорӣ ба кишвар ваксинаи зидди коронавирус ворид карда мешавад. Ба гуфтаи Абдуллозода ваксинаи “Фрайзер” истеҳсоли Амрико буда, қарор аст то поёни соли ҷорӣ 1 млн 800 ҳазор нафар ва ё 20% аҳолии Тоҷикистон ваксина бигирад.
Вазири тандурустии Тоҷикистон дар идомаи мусоҳиба таъкид кардааст, ки пеш аз ҳама ашхоси дорои бемориҳои вазнин, омӯзгорон ва афроди сини аз 50 сола боло ваксина мегиранд. Ҳамзамон Ҷамолиддин Абдуллозода бори дигар иддао кардааст, ки аз рӯзи 31 декабри соли 2020 инҷониб дар Тоҷикистон бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 3 феврал бо нашри хабаре аз вазъияти ногувори гузаргоҳи зеризаминии Маҷмааи таърихӣ-фарҳангии “Истиқлол” дар шаҳри Хуҷанд, интиқод кардааст.
Ба навиштаи ҳафтанома ин маҷмаа, ки бо харҷи 37 млн сомонӣ соли 2016 бунёд шудааст, ки имрӯз ҳолати ҳузнангезе дошта, бахусус гузаштан аз роҳи зеризаминии харобу валангори он, бисёр даҳшатнок аст.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” дар шумораи рӯзи 4 феврал бо нашри матлаби таҳлилие бо номи “осоишгоҳҳои Тоҷикистон: нарх ва шароит”, аз қимати болои табобат ва истироҳат дар осоишгоҳои кишвар интиқод кардааст. Муаллиф навиштааст, ки дар замони пандемия осоишгоҳҳо бояд нархро арзон кунанд, вале утоқи люкси осоишгоҳи “Баҳористон” аз сафари саёҳатӣ ба Дубай гаронтар аст.
Ба унвони мисол, муаллиф навиштааст, ки бо 7 ҳазор сомонии истироҳат дар устоқи люкси осоишгоҳи “Баҳористон”, метавон ба Дубай сафар карда, дар меҳмонхонаи 5 ситорадор 10 рӯз истроҳат кард.
Аҳмадов. З