2 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти хати нави технологии коркарди пиёз дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд — Агро” оғоз бахшиданд.
Самти асосии фаъолияти ҷамъият- ин коркард ва банду басти меваю сабзавот ва хушконидани он буда, васлу насби боз як хатти нави иловагии қабулу коркард ва хушконидани пиёз натиҷаи амалисозии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорон оид ба воридсозии таҷҳизоти пешрафта ва тавассути он васеъ намудани доираи истеҳсолӣ, зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти коркардшаванда аст.
Зимни шиносоӣ бо ҷараёни коркарду истеҳсол иттилоъ дода шуд, ки хатти нави технологӣ имкон дорад дар 1 шабонарӯз то 30 тонна пиёзро коркард ва хушк намояд. Барои ин дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шуда, таҷҳизоти пиёзхушккунӣ истеҳсоли Ҳиндустон аст.
Ширкати ватании “Хуҷанд — Агро” бо саҳми соҳибкорони ватанӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд — ширкати “Аркун”-и Федератсияи Россия таъсис дода шудааст. Барои вориду насби таҷҳизоти пиёзхушккунӣ 450 ҳазор сомонӣ маблағҳои сармоявӣ харҷ гардидаанд.
Тибқи технологияҳо, пиёз қабул, шуста, тоза, сара ва аз пӯст ҷудо карда шуда, вобаста ба ҳаҷму андоза реза ва дар 60 дараҷа гармӣ хушконида, бандубаст ва ба содирот омода карда мешавад. Сабзавот, аз ҷумла пиёз аз хоҷагиҳои деҳқониву кишоварзии минтақаҳои вилояти Суғд вобаста ба талабот харидорӣ мегардад.
Бо бунёди хатти нави иловагӣ шумораи кормандон дар коргоҳи “Хуҷанд — Агро” ба 70 нафар расида, музди миёнаи маош 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Кормандону мутахассисон асосан аз ҳамин маҳал буда, аксарашон аз ҳисоби занону духтарон мебошанд. Сол ба сол зиёдшавии теъдоди чунин корхонаҳои соҳаи саноати сабук аз тадбирҳои судманд аст, ки ба шуғлнокии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки 24 марти соли 2020 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи марҳилаи якуми истеҳсолоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Хуҷанд -Агро” иштирок намуда, оид ба васеъсозии доираи истеҳсолӣ, афзун намудани ҳаҷми коркарди истеҳсолӣ ва ба ин васила афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии ба содирот нигаронидашуда дастуру супоришҳо дода буданд. Бакорандозии хатти коркарду хушккунии пиёз- ин идомаи фаъолияти ҷамъият дар асоси дастуру супоришҳо оид ба қабулу коркарди сабзавот, аз қабили сабзӣ, лаблабуи ошӣ, кабудиҳо, каду ва сирпиёз аст. Ин иқдом алҳол нахустин буда, ба маҳсулоти корхона- сабзавоти хушконида дар бандубасти хосса талабот дар бозори хориҷӣ, масалан Федератсияи Россия калон аст.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат соҳибкорону истеҳсолкунандагони вилояти Суғд ба стандарти ҷаҳонӣ мутобиқ намудани сифату таркиб, намуд, банду басту тамғагузорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, молу маҳсулоти кишоварзиро мувофиқи талаботи бозори ҷаҳонӣ омодаву содирот менамоянд.
Соҳибкорони вилояти Суғд дар асоси нишондодҳои барномавии Паёмҳои Пешвои миллат, барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо истифода аз имтиёзу сабукиҳо, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ, вориди технологияҳои муосир ҷорӣ намудааст, корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзиро бо истифодаи технологияҳои ҷаҳонӣ таъсис медиҳанд. Иқтидорҳои истеҳсолии вилояти Суғд дар заминаи ин дастгириҳо афзоиш ёфта, саҳми соҳибкорон дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар назаррас арзёбӣ мегардад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи маҳсулоти истеҳсолии коргоҳи “Кабири Хуҷанд”, ки ба намоиш гузошта шуда буд, шинос шуданд.
Коргоҳи мазкур дар шафати ҷамъияти “Хуҷанд — Агро” ҷой гирифта, маҳсулоти гӯштиро дар 50 намуд, аз қабили ҳасибҳои буғпазшуда, нимдудшуда, ҳасибчаҳо, гӯшти нимдудшуда истеҳсол менамояд. Ҷамъият маҳсулоти гӯштиро бо номҳои тоҷикии “Паҳлавон”, “Аълотаъм”,”Бомазза” “Полвонча”, “Наврӯзӣ” ва ғайра пешниҳоди бозори истеъмолӣ менамояд, ки дар байни мизоҷон талаботи зиёде дорад. Корхона дар заминаи дастгириҳои давлатии соҳибкори ватанӣ бо истифода аз имтиёзҳои пешниҳодшуда бо омӯзиши бозори дохилӣ аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ Аюб Абдуллоев ва Зафар Мақсудҷонов дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бонуфузи Аврупою Россия, Австрия, Украина таъсис дода шудааст. Дар корхона 50 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин буда, маоши хуб мегиранд.
Коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ, аз ҷумла ҳасибу ҳасибчаҳо бо истеҳсоли маҳсулоти хушсифат ва истифода аз гӯшти чорвои маҳаллӣ сол ба сол бо беҳтар кардани таркибу сифат ва риояи стандарту меъёрҳои соҳавӣ ба нишондиҳандаҳои хуб ноил мегарданд.