Имрӯз соати тақрибан 13:30 дар ноҳияи Рӯдакӣ як нафар кӯдак бинобар сабаби шикастани яхи кӯли шафати дарёи Кофарниҳон ғарқ мешавад.
Тавре навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомонаи Радиои “Тоҷикистон” иттилоъ дод, ин ноболиғ Назаров Усмони 6 – сола сокини ҷамоати Зайналободи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки ҳангоми яхмолакбозӣ кардан дар кӯли шафати дарёи Кофарниҳон, пас аз шикастани ях дар кӯл ғарқ мешавад. Дастаи наҷотдиҳандагони раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, ҷасади ноболиғро аз кӯл берун мекунанд.
Вобаста ба ин, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта шуд, ки ғарқшудагон ду нафар будаанд, аммо навбатдори КҲФ қайд намуд, ки дар ин кӯлҳо кӯдакони зиёд бозӣ мекардаанд ва бинобар сабаби гармшавии ҳаво яхҳо шикастаанд ва як нафар ғарқ шудааст.