170 нафар шаҳрванди Тоҷикистон аз фурудгоҳи шаҳри Душанбе барои фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия парвоз карданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон бо иҷозати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатсайри Душанбе-Иркутск парвоз карданд ва бино ба иттилои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони мо дар ширкатҳои «Домострой Профи» (28 нафар)-и шаҳри Иркутск, «ПромСтройМонтаж» (68 нафар)-и шаҳри Тулун, «СибСталСтрой» (24)-и деҳаи Грановшина, «СПМК-7» (50 нафар )-и шаҳри Иркутск фаъолият хоҳанд кард.
«Иқдоми мазкур бо мусоидат ва ҳамкории зичи вазоратҳои корҳои хориҷӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Агентии бакортаъминкунӣ, хадамоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Агентии авиатсияи гражданӣ дар якҷоягӣ бо намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, консулгарии Тоҷикистон ва диаспораи тоҷикон дар Иркутск роҳандозӣ гардидааст. Аз ҷониби Россия тибқи супориши муовини губернатори Иркутск, намояндагиҳои вазоратҳои меҳнат, тандурустӣ, авиатсия ва ниҳодҳои калидии Иркутск барои қабул ва ҷобаҷокунии ҷавонон вобаста шудаанд»,-афзудааст манбаъ ба “Ховар”.
Дар ҳамин ҳол сомонаи “Спутник” ба нақл аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон навиштааст, ки нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба Россия расиданд ва интизор меравад, ки онҳо ду ҳафта ба карантин фаро гирифта шаванд.
Ба иттилои манбаъ, мувофиқи қарордоди мақомоти марбути Россияву Тоҷикистон ҷониби қабулкунанда ӯҳдадор шудааст, ки муҳоҷиронро бо ҷои хоб таъмин кунад ва дар тартиб додани ҳуҷҷатҳои лозима ба онҳо кӯмаки молиявиву ҳуқуқӣ расонад.