Имконоти муассисаҳои олии Украина муаррифӣ мешаванд

Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо Вазири маориф ва илми Украина дар як мулоқоти худ дар шаҳри Киеви Украина масъалаи омодагиҳо барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия дар соли равон дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуданд.

Дар хабаре, ки аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки Давлаталӣ Назризода бо Сергей Шкарлет ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он, инчунин иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия дар соли равон дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор донад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот тарафҳо, ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имкониятҳои он кишвар дар самти маориф  равона намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *