Суд фармони озодкунии кормандро бекор кард

Майори милитсия Ҳайит Комилзода, ки 5 декабри соли 2020 бо фармони сардори РВКД дар вилояти Суғд аз вазифаи муовини сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост»-и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд озод шуда буд, бо қарори суди шаҳри Хуҷанд ба вазифааш баргашт.

Гуфта мешавад, ки Комилзодаро бе ягон асос аз вазифаи ишғолнамудааш озод ва ба вазифаи ваколатдори калони оперативии шуъбачаи мубориза бар зидди истеҳсоли ғайриқонунии воситаҳои нашъадори шуъбаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Суғд таъйин кардаанд. Тавре “Ҷумҳурият” навиштааст, “зимни ба вазифаи дигар гузарондан ҳатто сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост» ва сардори ШВКД дар шаҳри Хуҷанд огоҳ карда нашуда, бе мувофиқаи онҳо ӯро ба вазифаи дигар таъйин кардаанд. Вале муовини сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РВКД дар вилоят Илҳом Қодиров ба суд гуфтааст, ки бо асосҳои зарурияти хизматӣ, пешрафти фаъолияти оперативӣ – хизматии хадамоти оперативии дастгоҳи раёсат ва шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҳамчун сарпарасти хадамотҳои оперативӣ бо назардошти савияи дониш, малакаи касбӣ ва таҷрибаи корӣ, бо фармони сардори РВКД дар вилоят майори милитсия Ҳайит Комилзода ба вазифаи дигар таъйин гардидааст”.

Манбаъ ҳамчунин меафзояд, ки баъд аз баррасӣ муайян гашт, ки зимни тасдиқи фармони вазифа озод намудан ва ба кори дигар гузарондани Ҳ. Комилзода талаботи қонунгузорӣ ва Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя нашудааст. Аз ин рӯ, бо қарори суд фармони сардори раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бекор карда шуд.  Дар асоси қарори содиршуда Ҳ. Комилзода бояд дар вазифаи пештара – муовини сардори шуъбачаи шаҳраки милитсияи «Соҳили рост»-и ШВКД дар шаҳри Хуҷанд барқарор гардад. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *