Бар асоси лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ» (маблағгузории дуюми иловагӣ)” дар 10 ноҳияҳои таҷрибавии қаблӣ ва 6 ноҳияи таҷрибавии нав интихобгашта сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ беҳтар карда мешавад.
Дар доираи кисмати якуми ин лоиҳа – «Маблағгузорӣ дар асосӣ натиҷаҳои фаъолият» татбиқи таҷрибавии маблағгузорӣ аз рӯи натиҷаҳои фаъолият (МНФ) дар зинаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилоятҳои Хатлон (Ёвон, Данғара, Ҷалолиддини Балхӣ, Фархор, Қубодиён) ва Суғд (Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ) ва ноҳияи Файзобод ва васеъкунии минбаъдаи татбиқи МНФ дар 6 ноҳияҳои нави таҷрибавии ҷумҳурӣ (Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон, Зафарободи вилояти Суғд ва Дарвози ВМКБ) дастгирӣ карда мешавад. Ҳамин тавр, татбиқи механизми МНФ дар 16 ноҳияҳои таҷрибавӣ аз оғози соли 2021 то охири нимсолаи якуми соли 2023 банақша гирифта шудааст. Барои амалисозии ҷорабиниҳо дар қисмати зерин ба нақшагирифташуда аз ҳисоби маблағгузории Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд 4 370 000 доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст.
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур бар асоси “Созишномаи маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд, ки 16 ноябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.